Аз тести ҳатмӣ то карантини хонагӣ: чӣ гуна дар Суғд аз омикрон пешгирӣ мекунанд?

© Sputnik Граждане РТ пытаются выехать через КПП Фатехабад (Ойбек) в Мастчинском районе в сторону Ташкента, чтобы потом вылететь в Москву
Граждане РТ пытаются выехать через КПП Фатехабад (Ойбек) в Мастчинском районе в сторону Ташкента, чтобы потом вылететь в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Шарту шароити вуруд ба Тоҷикистон аз тариқи гузаргоҳҳои марзии Суғд сангинтар шуд ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шимоли кишвар ҳатмӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Масъулони идораи беҳдоштии Суғд дар бораи вазъи эпидемологӣ ва чораҳои пешгирикунанда аз хуруҷи навъи зудпаҳншавандаи вируси омикрон дар шимоли Тоҷикистон гуфтанд.
Маҷнун Орипов, муовини сардори идораи санитарию эпидемиологии Суғд гуфт, баъд аз эълони сабти омикрон дар Ӯзбекистон дар гузаргоҳҳои наздимарзии ҳамсоякишвар чораҳои шадиди назоратӣ роҳандозӣ шудааст.
Маҷнун Орипов дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон зикр кард, ки ҳоло аз ҳар нафари воридшаванда аз Ӯзбекистон гирифтани ПСР – тести коронавирус ҳатмӣ шудааст.

"Ҳоло дар гузаргоҳҳои наздисарҳадии Патари шаҳри Конибодом, Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ, Саразми шаҳри Панҷакент, инчунин Фурудгоҳи байнулмиллалии Хуҷанд навбатдории шабонарӯзии кормандони беҳдоштӣ ташкил шуда, ташхиси тиббии ҳар нафаре, ки ворид мешавад, ҳатмӣ мебошад”, - афзуд ӯ.

Бино ба гуфти ин масъули идораи беҳдоштӣ, ташхиси эксперсс-тест ё ПСР дар гузаргоҳҳо ройгон сурат мегирад.
Ин дар ҳолест, ки ҷониби Ӯзбекистон барои гирифтани ин намуд тести тиббӣ дар ҳамаи гузаргоҳҳояш аз шаҳрвандони Тоҷикистон 110 – 120 ҳазор сӯм, муодили 120-130 сомонӣ мегирад.
Орипов таъкид намуд, ки ба ҷуз аз ин ба ҳамаи шаҳрвандони воридшаванда дастури қатъӣ дода мешавад, то барои пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ ҳудуди 14 шабонарӯз дар шароити хона карантин шаванд.
Передача 20-ти машин скорой помощи медучреждениям Свердловской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Воҳима сар шуд? Телефони ёрии таъҷилӣ дар пайи пайдоиши "омикрон" дар Ӯзбекистон "таркид"
Муовини сардори идораи беҳдоштии Суғд дар бораи ин ки оё дар ин вилоят омикрон сабт шудааст ё не, изҳори бехабарӣ намуд ва гуфт, ки “ин қазияро масъулони Вазорати тандурустӣ шарҳ дода метавонанд”.
Ӯ вазъи эпидемиологӣ дар шимоли Тоҷикистонро муътадил арзёбӣ кард.
"Ҳоло дар ҷойҳои ҷамъиятӣ реҷаи ниқобӣ эълон шудааст" – иброз намуд Орипов.
Рӯзи 10-уми январ вазъияти коронавирус дар Ӯзбекистон ваҳим шуд ва табибон далели онро ба роҳ ёфтани штами омикрон ба ин кишвар рабт доданд.
Ду рӯз қабл Вазорати беҳдошти ин кишвар хабари даргузашти чанд тан аз гирифторони COVID-ро таъйид намуд ва иттилоъ дод, ки "вазъият бадтар мешавад".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала