Интиҳои бозӣ: мушакбари Русия Вашингтону Брюсселро ба ваҳшат андохт

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузаштан ба хазинаи аксРоссийский Ту-160
Российский Ту-160 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Аз тариқи эътимоди дипломатӣ ё маҷбурии ҳарбӣ-техникӣ Маскав ИМА ва НАТО-ро маҷбур мекунад, ки бо Русия ва муттаҳидонаш муносибатҳои баробарҳуқуқ барқарор кунанд
Парвози аввалини мушакбари Ту-160М2 саломи бузург ба Вашингтон ва Брюссел аст.
Мушакбари Ту-160М2, ки аз сифр дар Қазон ҷамъоваришуда шудааст, далели нави анҷоми бозии геополитикӣ аз рӯи қоидаҳои Ғарб ва таҳияи як системаи муассири Русия барои пешгирӣ ё муборизаи боздоранда аст, ки онро муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Александр Грушко муайян кардааст.
Мушакбари нави Ту-160М2 бо болҳои тағйирёбандааш, ки дар коргоҳи ҳавонавардии Қазон сохта шудааст, 12 январ нахустин парвози худро анҷом дод.
Тавлиди силсилаии 80 дарсад навсозишудаи "Қӯҳои сафед" ба чолишҳои амнияти беруна, шароити вазъияти душвори байналмилалӣ посух медиҳад.
Ин аввалин борбардор барои интиқоли даҳ мушак аст, ки дар соли 2018 тавлиди он фармоиш шуда буд. Ҳама ҳавопаймоҳо, тибқи қарордод, бояд то соли 2027 сохта шаванд.
Саммит НАТО-Россия, Брюссель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Шӯрои Русия ва НАТО: гузашти мутақобил ё роҳ ба сӯи ҷанг
Ба иттилои “Туполев”, Вазорати дифои Русия қасд дорад, ҳудуди 50 адад аз ин мошинҳоро харидорӣ кунад. Ҳамзамон 15 адад мушакии ҷангии ТУ-160 навсозӣ мешавад.
Танҳо дар тамғаи мошинҳои нав ҷамъоваришудаи навсозишуда тафовут дида мешавад: Ту-160М2 ва Ту-160М.
Платформаи ҷангии Ту-160 як ҷузъи муҳими сегонаи ҳастаии Русия, омили боздорандаест, ки баробарии Русия ва НАТО-ро таъмин мекунад.
Мушакбари Ту-160М2 яке аз калонтарин ва дорои пешрафтатирин технологияи саноати ҳавонавардии Русия аст.
Ҳавопаймо дорои муҳаррикҳои навсозишудаи НК-32-02, системаҳои идоракунӣ, навигатсия, абзори назорати силоҳ (дар заминаи технологияи комилан нави рақамӣ) хоҳад буд.
Дар коргоҳи ҳавонавардии Қазон (филиали “Туполев”) таҷҳизоти сехҳо, пойгоҳи озмоиши парвоз таҷдид шуда, бузургтарин таъсисоти кафшергарии электронӣ ва гудозиши титан дар шароити беҳавоӣ роҳандозӣ шуд.
МИД России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
ВКХ Русия идеяи Раҳмон дар бораи камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро арзёбӣ кард
Асари ҳамафзоии тавлид ва рушди қудрати дастгоҳ тавассути ширкатҳои пешрафтаи металлургӣ, ҳавопаймосозӣ, мошинсозии "Ростек" таъмин мешавад.
То соли 2000 дар тавлиди Ту-160 700 корхона ҳакорӣ карданд, ҳамин гуна занҷира бояд аз нав таъсис дода шавад.

Тактикаи дорои фанноварии боло

Дурнамои платформаи ҷангии Ту-160 назаррас аст, рушди минбаъдаи лоиҳа имкон медиҳад, ки навъҳои нави аслиҳа ворид шаванд: мушакҳои мофавқуссадоӣ, мушакҳои болдор бо кулоҳаки муқаррарӣ ё ҳастаӣ, ки барои нест кардани ҳадафҳои заминӣ ва баҳрӣ дар минтақаҳои дурдасти ҷуғрофӣ пешбинӣ шудаанд.
Ту-160 ягона бомбандози стратегӣ дар ҷаҳон аст, ки қодир аст, суръати думахиро дар муддати тӯлонӣ нигоҳ дорад. Тарҳрезии беназири бол ба он имкон медиҳад, ки то дар ҳолати мофақуссадо дар ҳолати пассӯз то 2200 км-соат биравад ва бар хутути дифои ҳавоии душман ғалаба кунад. Ҳавопаймоҳои бомбандози Амрико ин гуна имконият надоранд.
Авиакосмический салон Dubai Airshow 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
"Checkmate" - ҷангандаи Русия яке аз ихтирооти нодири соли 2021 дониста шуд
Ҳавопаймои стратегии Ту-160М қодир аст, бидуни ворид шудан ба минтақаи дифои ҳавоии душман амал кунад. Дастгоҳҳои чархдор ба он имкон медиҳанд, ки 12 мушаки болдорро интиқол диҳад.
Масофаи ҳаддиаксарии мушаки нави болдори Х-101 5500 километр аст.
Х-101-и навсозишуда дорои кулоҳаки ҷангӣ бо зарфияти тақрибан 400 кило тротил ва махсус (Х-102) бо кулоҳаки термоядроии аз 250-килотоннаӣ то як мегатоннаӣ аст. Бар хилофи ислоҳоти қаблии ҳастаии Ту-160 Ту-160М борҳо дар Сурия самари зиёд додааст.
Ба шарофати навсозӣ шудани муҳаррики ҳавопаймои НК-32-02 он камхарҷтар шуд, ки ин имкон медиҳад, ки масофаи максималии парвоз ба 15000 километр афзоиш ёбад. Ҳама ҳавопаймоҳои ҷангии Ту-160 то соли 2030 бо муҳаррикҳои НК-32-и силсилаи дуюм дубора муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.
Барои фаҳмидани иқтидори платформаи ҷангӣ дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ як ҷуфти "Қӯи сафед" қаблан аз Русия ба Африқои Ҷанубӣ парвози бидуни таваққуф анҷом дода, дар тӯли 13 соат беш аз 11 ҳазор километрро тай кард. Амрикои Шимолӣ ё Британияи Кабир хеле наздиктаранд.
Тибқи маълумоти маҷаллаи бонуфузи амрикоии “Aviation Week & Space Technology”, Ту-160 ба рӯйхати дастовардҳои назарраси ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳавонавардии низомӣ дар соли 2020 дохил шуд, аммо Ту-160М2 як ҳавопаймои комилан нав ва дигар аст.
Российский многофункциональный истребитель пятого поколения Су-57 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Аз дурпарвозӣ то ноаёнӣ: чӣ дар бораи навтарин ҷангандаи Русия маълум аст
"Шарикон”-и ғарбӣ эҳтимол "зуҳури дуюм"-и “Blackjack” (рамзи НАТО)-ро пай бурда, онро қадр карданд.
Хотиррасон мекунам, ки ҳавопаймои ТУ-160 дар ИҶШС дар посух мушакбари америкоии "Роквелл Б-1 Лансер" сохта шудааст.
"Қӯи сафед" 46 рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст.
“The National Interest” аслиҳаи Русия, қотилони Амрикоро номбар кардааст. Лоиҳаҳои навсозӣ ва тавлиди занҷираии ҷангандаҳои МиГ-31БМ ва чархболи хеле вазнини Ми-26Т2В дар Русия тавсеа меёбад. Дар ин замина ин ҷангандаҳои русӣ ҳамто надоранд.
Тибқи феҳристи ҷаҳонии “Нерӯҳои ҳавоии ҷаҳонӣ-2022” ва рейтинги ҷаҳонии қудрати низомӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Русия аз нигоҳи шумораи поркҳои низомӣ (4173 адад) дар ҷаҳон дар ҷои дувум қарор доранд.
Аз рӯи шумораи ҳавопаймоҳо нерӯҳои ҳавоии ИМА ҳанӯз бартаранд, аммо технологияҳои мувофавқуссавт дар дар металл бебаҳраанд. Дар Русия чанд навъи мушакҳои гиперсадоӣ ба истифода дода шудаанд ва мутахассисон барои баланд бардоштани суръат ва масофаи онҳо талош доранд.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала