Ҷабҳа: Аҳмад Масъуд пас аз поёни сафарҳояш ба Афғонистон бармегардад

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Обуна шудан
Масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, ки Аҳмад Масъуд пас аз пайгирии сафарҳояш ба кишвар бармегардад
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар гуфтугӯ бо шабакаи “India Today” изҳор доштааст, бахши зиёде аз кӯҳҳои Ҳиндукуш таҳти назорати нерӯҳои муқовимат аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Sputnik Афғонистон” дар истинод ба “Афғонистон Интернешнл”.
Назарӣ дар мавриди ин ки бозгашти Аҳмад Масъуд ба маънои даври ҷадиди муборизот мусаллаҳона ӯ аст ё на, тавзеҳеро ироа накардааст.
Қаблан Муттакӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибон ба Аҳмад Масъуд ва тарафдоронаш итминон дода буд, ки метавонанд ба Афғонистон баргарданд.
Оқои Назарӣ ба "India Today" гуфтааст: "Мо пешниҳоди ӯро рад кардем. Онҳо соҳиби кишвар нестанд, то ба мо иҷоза диҳанд, ба Афғонистон баргардем".
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Толибон: Дар Афғонистон ҳич ҷабҳае нест, Масъуд хоҳад, ба Ватан баргардад - видео
Вай афзуд: "Ҷабҳаи муқовимат бисёре аз бахшҳои Ҳиндукушро дар ихтиёр дорад ва фармондеҳ Масъуд ҳар замоне бихоҳад, метавонад ба кишвар баргардад. Ӯ пас аз анҷоми сафарҳояш ҳатман ба Афғонистон бармегардад".
Ёдрас менамоем, ки дар Теҳрон ҳафтаи гузашта музокироти толибон бо намояндагони Ҷабҳаи муқовимат анҷом ёфт.
Дар ин дидор толибон ба раҳбарони гурӯҳҳои муқовимат иттилоъ доданд, ки онҳо метавонанд дар амнияти комил ба хона баргарданд.
Лентаи хабарҳо
0