Лавров: Ғарб косаи сабри Русияро лабрез кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Русия мунтазири посухи Амрико ва НАТО дар бораи кафолати амниятӣ аст
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, Ғарб косаи сабри Русияро лабрез кард, “Мо зиёд сабр кардем, ҳоло вақте расидааст, бархӯрд кунем, то рақибонамон посух диҳанд”.
"Косаи сабри мо лабрез шуд. Мо хеле пурсабр ҳастем, медонед, мо зиёд тоқат кардем. Хеле мунтазир шудем, акнун вақте расидааст, ки амал кунем. Мо ҳоло мунтазир ҳастем, ки рақибони мо ба пешниҳодҳоямон посух диҳанд”, — гуфт ӯ дар нишасти хабарии Вазорати умури хориҷии Русия.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия шарҳ дод, ки ба кадом хотир масъалаи тавсеа наёфтани НАТО матраҳ аст. Вай гуфт, худи кишварҳои ғарбӣ вазъро то ҳамин ҳад расониданд.
Ба гуфтаи вазири рус, НАТО ваъда дода буд, ки зерсохтори низомиро ба Шарқ намерасонад, аммо онҳо ваъдаҳояшонро "дағалона ба сатили партоб" андохтанд ва ин созмон ба марзҳои Русия наздик шуд.
Украино-американские учения Fearless Guardian - 2015 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Лавров: Дар Украина садҳо низомии ИМА ва Бритониё қарор дорад
Қаблан намояндагони Ҳизби демократии Амрико дар Сенат лоиҳаи Қонуни чораҳои зидди Русияро пешниҳод карда буданд. Сенаторҳо мехоҳанд дар сурати "шиддати гирифтани авзоъ дар атрофи Украина" алайҳи бахшҳои муҳими иқтисоди Русия, аз ҷумла қарзи давлатӣ ва мансабдорони аршади давлатӣ таҳримҳо ҷорӣ кунанд.
Илова бар ин бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз хисороти иқтисодӣ аз таҳримҳои эҳтимолии нави Вашингтон бар зидди Маскав изҳори нигаронӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, коршиносон борҳо таъкид кардаанд, ки таҳримҳои Амрико ба Русия чандон зиён намерасонанд, баръакс ин кишвар дар гузашта аз ин амал фоида ба даст овард: тавлиди бисёре аз молҳоро роҳандозӣ кард ва вобастагияш аз Ғарбро коҳиш дод.
Путин ин изҳоротро ҳушдори беасос номида, пайдо шудани силоҳҳои НАТО дар қаламрави кишвари ҳамсоя ва дигар таҳдидҳо ба амнияти Русияро хатти сурх донист.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала