Лавров дар бораи интизориҳо аз Ғарб ва иқдоми Маскав дар сурати радди пешниҳодҳо гуфт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия интизориҳояшро аз Ғарб дар мавриди замонати амниятӣ баён дошта, аз иқдоми Маскав дар сурати қабул нашудани пешниҳодҳо гуфт
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, созиш дар мавриди пешниҳодҳо барои замонати амниятӣ аз ИМА вобаста аст.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки Маскав интизор дорад, Ғарб аз рӯи ҳар пешниҳоди ҷониби Русия посухи хаттӣ медиҳад. Вай афзуд, шарикони ғарбӣ дарк менамоянд, ки Русия абадан мунтазир намемонад ва бояд зарурати вокуниши фавриро фаҳмида бошанд.
Совет Россия - НАТО в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Ғарб амнияти Русияро тазмин накард: чӣ гуна ояндае дар пеш хоҳад буд?
Ба гуфтаи Лавров, тавофуқ дар ин масоил пеш аз ҳама ба ИМА вобастаасту изҳорот дар мавриди зарурати машваратҳо бо шарикон баҳонае беш нестанд.
Вазири умури хориҷии Русия таъкид намуд, ки агар Ғарб пешниҳодҳои Маскавро қабул накунад, вокуниш бо назардошти ҳамаи омилҳо сурат хоҳад гирифт.

"Ҳозир фолбинӣ кардан, ки агар ИМА ва НАТО пешниҳодҳоро рад кунанд, иқдоми Маскав чӣ хоҳад буд, созанда нест", - гуфт вазир.

Маврид ба зикр аст, ки ахиран миёни НАТО ва Русия дар шаҳри Брюссел гуфтушунидҳо баргузор гардиданд.
Қаблан Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд.
Саммит НАТО-Россия, Брюссель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Шӯрои Русия ва НАТО: гузашти мутақобил ё роҳ ба сӯи ҷанг
Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амниятӣ дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ матраҳ шудаанд.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО зимни шарҳи пешниҳодҳои Маскав дар мавриди густариш наёфтани ин эътилоф изҳор дошт, ки ҳар кишвар бояд ҳаққи мустақили интихоб дошта бошад, ки мехоҳад ба ин иттиҳоди низомӣ ворид шавад ва ё на.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала