Лавров: Дар Украина садҳо низомии ИМА ва Бритониё қарор дорад

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксУкраино-американские учения Fearless Guardian - 2015
Украино-американские учения Fearless Guardian - 2015 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, таъминоти силоҳи ғарбӣ барои Украина ин кишварро бештар барои ҳалли хушунатомези қазияи Донбасс моил месозад
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Дар Украина садҳо низомии ИМА ва Бритониёи Кабир қарор дораду таъминоти силоҳи ғарбӣ ин кишварро ба ҳалли даргирии Донбасс бо зӯр тела медиҳад, изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.

"Низомиёни хориҷӣ дар он ҷо ҳузур доранд ва зиёданд. Ҳазор нафар нестанд, ҳамон тавре баъзеҳо иштибоҳан мегӯянд, аммо чандсад нафар амрикоӣ, бритониёӣ ва ғайра он ҷо қарор доранд", - гуфт Лавров зимни нишасти матбуотӣ.

Вазир афзуд, дарк мекунанд, бо таъмини мақомдорони Украина бо аслиҳаи ғарбӣ онҳоро ба сӯйи истифода аз зӯрӣ тела медиҳанд, ки ин шева барои Русия комилан қобили қабул нест.
Ин дар ҳолест, ки қаблан намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захаров гуфт, низомиёни хориҷӣ дар Донбасс ба фитнаангезӣ машғуланд. Ӯ афзуд, Киев талош дорад, ҳузури нерӯҳои хориҷиро қонунӣ намояд, то созишномаи Минск сарфи назар шавад.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Лавров дар бораи интизориҳо аз Ғарб ва иқдоми Маскав дар сурати радди пешниҳодҳо гуфт
Алексей Полишук, мудири Департаменти дуюми кишварҳои узви ИДМ-и Вазорати умури хориҷии Русия гуфта буд, ки низомиёни ғарбӣ сарбозони украиниро тамрин дода истодаанд, ки ин хилофи созишномаи Минск буда, ба ҳалли масоили Донбасс таъсири манфӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала