Мақомдорони тоҷик хавфҳо ба иқтисоду роҳҳои пешгирии онро баррасӣ карданд

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр экономики Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Мақомдорони баландпояи блоки иқтисодии Тоҷикистон вазъи ҷаҳонӣ ва хавфҳои эҳтимолии молӣ ба иқтисоди кишварро баррасӣ намуда, самтҳои асосии фаъолияти ниҳодҳои зидахлро муайян карданд
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Шӯрои миллии суботи молӣ дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва ҳузури намояндагони мақомоти бонкӣ, андоз ва молия роҳҳои таъмини рушди устуворро ба миён гузоштанд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ, дар ҷаласаи шӯро, ки ахиран баргузор шуд, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисод муҳим дониста шуд.
Зикр гардидаст, ки новобаста аз барқароршавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳон ҳанӯз ҳам номуайяниҳо ва муаммоҳо дар иқтисодиёти дунё зиёданд. Дар феҳрасти номуайяниҳо афзоиши талабот ва болоравии интизориҳои таваррумӣ, зиёдшавии хароҷот ва қарзи давлатӣ, таҳдид ба амнияти озуқаворӣ ва пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ном бурда шуданд.
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Иқтисоди болдор: панҷ таносухи дахлу харҷи Тоҷикистон дар соли 2021
Таъкид шудааст, ки вазорату идораҳои калидӣ бояд барои таъмини суботи молӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои берунию дохилӣ ҳамкорӣ намоянд, то рушди устувори миллӣ таъмин шавад.
Баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ аз иқдоме арзёбӣ гардид, ки бояд дар Тоҷикистон татбиқ гардад.
Пешбурди низоми содаи андоз, тақвияти низоми мудирияти хавфҳо, беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ аз тадобири дигари муҳим дар кишвар арзёбӣ гардидаанд.
Шӯрои миллии суботи молӣ дар Тоҷикистон мақоми байниидоравии машваратӣ мебошад, ки бо мақсади муайян намудани хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисод, низоми молии давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ таъсис дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала