Вокуниши Мирзиёев ба Лукашенко, ки гуфт, Ӯзбекистон аз ҳаводиси Қазоқистон сабақ гирад

© пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Президенти Ӯзбекистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш изҳороти ҳамтои беларусашро беасос хонд ва қайд кард, ки мақомот вазъи минтақаро ба таври ҷиддӣ назорат мекунанд
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Шавкат Мирзиёев ба суханони ҳамтои беларусияш Александр Лукашенко, ки чанде пеш гуфта буд, Ӯзбекистон бояд аз ҳаводиси Қазоқистон сабақ гирад, вокуниш нишон дод.
Мирзиёев дар ҷаласаи Шӯрои амният ин изҳоротро беасос хонд ва қайд кард, ки мақомот вазъи минтақаро ба таври ҷиддӣ назорат мекунанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Ӯзбекистон.

"Чанде пеш изҳороти беасос аз ҷониби раҳбарони баъзе давлатҳо дода шуд, ки Ӯзбекистон бояд аз ҳодисаҳои дар Қазоқистон рухдода сабақ бигирад. Мо вазъ дар минтақа, тамоми чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти онро ҷиддӣ пайгирӣ мекунем", - гуфтааст Мирзиёев.

Дар ҳамин ҳол Мирзиёев таъкид кардааст, Ӯзбакистон "тамоми зарфият ва қудрати зарурӣ барои посухи муносиб ба ҳама гуна таҳдидҳо"-ро дорад.
Рӯзи душанбе раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, ки дар робита ба ҳаводиси ахири Қазоқистон даъват шуда буд, гуфт, ки аз миёни онҳо пеш аз ҳама Ӯзбекистон аз ҳаводиси Қазоқистон бояд сабақ бигирад.
Вай бо ишора ба маълумоти иктишофӣ афзуд, ифротгароён ба Ӯзбекистон низ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала