Нерӯҳои сулҳбони тоҷик бо ҳавопаймои Ил-76 Қазоқистонро тарк карданд

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия / Гузариш ба медиабонкВоенные Таджикистана и Армении из состава миротворцев ОДКБ вылетают в Казахстан
Военные Таджикистана и Армении из состава миротворцев ОДКБ вылетают в Казахстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Обуна шудан
Сарбозони тоҷикро бо ҳавопаймои Ил-76 аз фурудгоҳи Алмаато ба Тоҷикистонн фиристоданд
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Воҳидҳои посдори сулҳи СПАД аз Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз Алмаато берун шуданд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Зимнан зикр мегардад, ки низомиён ба ҷойҳои таъйиноти доимӣ рафтаанд.
Сарбозони Арманистон ва Тоҷикистон, ки дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳи кишварҳои СПАД дар Қазоқистон буданд, бо чаҳор ҳавопаймои низомии Русия аз Қазоқистон берун шуданд.
Нерӯҳои посдори сулҳи тоҷик бо як ҳавопаймои Ил-76 аз фурудгоҳи Алмаато ба Тоҷикистон парвоз карданд, афзуд манбаъ.
Миротворцы передают дела казахстанским коллегам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Маъмурият поён ёфт: Нерӯҳои посдори сулҳи СПАД Қазоқистонро тарк мекунанд - видео
Дар ҳавопаймо ҳамроҳ бо низомиёни Тоҷикистон як гурӯҳи 31-нафараи донишҷӯёни низомии тоҷикистонии Донишкадаи ҳарбии нерӯҳои хушкигарди Қазоқистон барои гузаронидани таътил ба Ватан рафтанд. Ситоди амалиёти СПАД дар ҳамин муассисаи таълимӣ ҷойгир буд.
Нерӯҳои сулҳбони Қирғизистон аз қаламрави Алмаато бо корвони худӣ ба сӯйи марзи давлати худ ҳаракат карданд. Онҳо бояд қариб 250 километр масофаро тай кунанд, то ба хоки Қирғизистон расанд.
Субҳи барвақти 14-уми январ 10 ҳавопаймо бо нерӯҳои посдори сулҳи СПАД аз Қазоқистон ба Минск низ парвоз кард.
Бо дархости Қосим-Ҷомарт Тоқаев Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД тасмим гирифт, то ба эътидол омадани вазъ нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳ ба Қазоқистон эъзом шаванд. Ба ин кишвар сарбозон аз Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон фиристода шуданд.
Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфта буд, ки бозгашти нерӯҳои посдори сулҳи СПАД аз Қазоқистон рӯзи 19-уми январ ба поён мерасад.
Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли 2022 оғоз шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби ин кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо рехтанд.
Официальный визит Президента Касым-Жомарт Токаева и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Раҳмон ба Тоқаев занг зад: ҷузъиёти суҳбати президентҳо
Баъдтар ин гуна эътирозҳо ба дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри Қазоқистон паҳн шуданд. Дар муддати кӯтоҳе даҳҳо иншоот сӯзонда ва ғорат шуданд.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, бар асари ин ошӯбҳо дар Қазоқистон 164 нафар кушта шуд.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев хисороти ин ноамниҳоро 2-3 миллиард доллар эълон кард.
Ҳукумати ин кишвар дар посух ба ҳамаи бетартибиҳо то 19 январ дар сартосари Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълон кард ва амалиёти зиддитеррористӣ оғоз намуд.
Ҳоло вазъият дар Қазоқистон муътадил аст ва аксари корхонаву муассисаҳо ба кор шуруъ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0