Ҷаҳиши қурби евро дар Тоҷикистон: бо рубл чӣ шуд?

© Flickr / Images MoneyКупюры евро
Купюры евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Қурби пули аврупоӣ дар баробари сомонӣ аз аввали ҳафта устувории тезро нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзи панҷум аст, ки қурби евро дар баробари пули миллӣ боло меравад. Бонки миллии Тоҷикистон охирин нишондиҳандаҳои арзи хориҷӣ дар баробари сомониро эълон кард.
Ҳоло дар Тоҷикистон барои 1 евро 12.9577 сомонӣ медиҳанд. Аз аввали ҳафта инҷониб ин панҷумин болоравии қимати арз аст. Он замон 1 евро 12.7939 сомонӣ арзиш дошт.
Доллар аз аввали соли 2022 дар ҳамон сатҳи муқарраршуда боқӣ монда, як доллар ба 11,3 сомонӣ баробар аст.
Қурби рубл бошад, нисбат нисбат ба як рӯзи қаблӣ наздик ба 2 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон бар ивази 1000 рубл 150 сомонӣ медиҳанд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.9577 то 13.1500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1500 то 0.1500 сомонӣ.
Денежные купюры. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Пешбинии иқтисоддон дар бораи ояндаи доллар: бояд харид ё на?
Ҳанӯз дар авоили моҳи ноябри соли 2021 қурби расмии рубли русӣ тақрибан 6 сомонӣ барои ҳар ҳазор рубл аз нишондиҳандаи ҳозира боло буд. Дар моҳи декабр қурби пули русӣ дар ҳудуди аз 152 то 155 сомонӣ меистод.
Коршиносон қайд мекунанд, ки ба тағйирёбии қурби рубл дар Тоҷикистон боло рафтани доллар, поин рафтани нархи нафт, маҳдудиятҳои пандемияву таҳримҳо, инчунин омилҳои сиёсӣ: таъсири сунъӣ ба қурби рубл аз хориҷ, бӯҳрони муҳоҷират дар марзи Беларус ва Полша таъсир расонидааст.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала