Русия омодааст, барои музокироти толибон бо Ҷабҳаи муқовимат замина фароҳам кунад

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Русия гуфтааст, омодааст, барои дидору музокироти толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон замина фароҳам созад
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷии Русия дар як нишасти ахири хабарияш гуфт, Маскав омодааст, роҳро барои музокироти мақомоти нави афғон ва нерӯҳои сиёсии мухолифи онҳо боз кунад.

"Дар Русия феълан баргузории чунин мулоқот дар назар нест. Аммо бо дархости афғонистониҳо мо омода ҳастем, ки барои музокироти миёни намояндагони Кобул ва нерӯҳои мухолифин замина фароҳам кунем",- гуфт ӯ.

Хонум Захарова аз нишасти толибон бо намояндагони Ҷабҳаи муқовимат дар Теҳрон истиқбол карда гуфтааст, ки он ҳарчанд натоиҷи мушаххас надод, аммо онро қадаме дар самти дуруст мешуморем ва умедворем, ба раванди мусолиҳаи миллӣ ва ташаккули ҳукумати мутавозини сиёсӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард.
Рӯзномаи "Ҳашти субҳ" рӯзи чаҳоршанбе бо такя ба манобеаш аз Теҳрон навишт, Эрон омодааст, дар муколамаи миёни толибон ва нерӯҳои муқовимати Афғонистон ва густариши равобит нақши миёнҷиро иҷро кунад.
Рӯзи 10-уми январ Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати толибон эълом кард, ки бо Аҳмад Масъуд, раҳбари муқовимат ва ҳамчунин Муҳаммад Исмоилхон, фармондеҳи ҷиҳодии ҳавзаи ғарбии Афғонистон мулоқот кардааст.
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Ҳабибуллоҳи Ҳисом: Ҳайати толибон аз Эрон дасти холӣ ва бидуни дастовард баргашт
Гуфта мешавад, ки ин дидорҳо дар Теҳрон сурат гирифтаанд, ки Муттақӣ ба он ҷо барои боздид рафта буд.
Дар ҳамин ҳол нерӯҳои муқовимат иттилоъ дар бораи музокироти Муттақӣ ва Масъуд дар Эронро такзиб карда гуфтанд, ки дар ин дидор Муҳаммад Исмоилхон ба намояндагӣ аз муқовимат ҳузур дошт.
Пас аз он ки Иёлоти Муттаҳида дар баҳор эълом кард, тасмим гирифтааст, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун кунад, ҷунбиши тундрави толибон барои ба даст овардани назорати Афғонистон амалиёти густардаеро оғоз кард.
Рӯзи шашуми августи соли гузашта толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва рӯзи ҳафтуми сентябр ҳайати ҳукумати муваққати худро эълон карданд, ки то ҳол қонунӣ будани онро ҳеҷ кишваре эътироф накардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала