Интиқоди Рустами Эмомалӣ аз камбудиҳо дар сохтмонҳои пойтахт ва кашолкориҳо дар роҳсозӣ

© SputnikСтроительство русской школы в Таджикистане, махалли (микрорайон) Зарафшон
Строительство русской школы в Таджикистане, махалли (микрорайон) Зарафшон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе мегӯяд, аксари вақт биноҳо бидуни талаботи зарурӣ бунёд мешаванд
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе зимни ироаи ҳисобот аз фаъолияти панҷсола дар ҷаласаи ахираш тамоми соҳаҳоро дар пойтахт баррасӣ карда, аз бахши сохтмону роҳсозӣ интиқод кард.
Ӯ гуфтааст, ҷиҳати ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт, иншооту биноҳои шаҳр бояд бо усули замонавӣ ва бо дарназардошти санъати баланди меъмории миллӣ, зебо ва бо сифати баланд бунёд шаванд, то ба наслҳои оянда садсолаҳо хидмат кунанд.
Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ гуфтааст, кори комиссияҳои қабули давлатии иншооту биноҳо низ ниёз ба такмил дорад.

"Аксари вақт биноҳо бе инобати роҳҳои зарурӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон, шароит барои маъюбон, таваққуфгоҳҳо бунёд карда мешаванд", - гуфтааст шаҳрдори пойтахт.

Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ӯ ба муовини якумаш ва дигар сохторҳои дахлдор дастур дода, то барои рафъи ин камбуд тадобиреро рӯйи даст бигиранд.
Ёдовар мешавем, қаблан Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар низ аз ифшои камбудиҳо дар сохтмонҳои пойтахт ва махсусан биноҳои бунёдкардаи ширкати Бег Сабур гуфта буд.
Сокинони пойтахт анқариб ҳамарӯза аз таъхир дар сохтмонҳо ва ба талабот ҷавобгӯ набудани онҳо дар расонаҳои иҷтимоӣ менависанд.
Ҳамзамон Рустами Эмомалӣ аз бахши роҳсозӣ дар пойтахт низ изҳори норозигӣ кардааст.
Шаҳрдор аз таъхири муҳлати иҷрои корҳо дар роҳсозӣ, истифодаи масолеҳи пастсифат ва баъди ба истифода додани роҳҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ пайдо шудани ноҳамвориҳо ёдовар шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои соҳа ва дар муҳлати муқарраршуда мутобиқ ба стандартҳои муосир ба истифода додани роҳҳо ба масъулин дастуру супоришҳо додааст.
Бег Сабуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Мақомот: камбудиҳои бииноҳои сохтаи ширкатҳои Бег Сабур то ҳол бартараф нашудаанд
Гуфта мешавад, барои санҷиши масолеҳи сохтмони роҳ соли ҷорӣ аз Италия 110 дастгоҳи озмоишгоҳӣ ворид мегардад, ки он барои баланд бардоштани сифати масолеҳи роҳсозӣ ва сохтмони роҳҳо равона мешавад.
Ба гуфтаи шаҳрдори Душанбе, дар 5 соли охир дар пойтахт 162 километр аз роҳҳо навсозӣ карда шудаанд, ки 7,7 километри он ба соли сипаришуда рост меояд. Мақомот ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии сел ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то имрӯз 16 километр шабакаҳои селпарто сохтаанд.
Инчунин бо мақсади дастгирии соҳаи роҳсозӣ дастгоҳи истеҳсоли асфалти аълосифат бо иқтидори 160 тонна дар як соат ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 140 тонна дар як соат ба маблағи 16 миллион сомонӣ харидорӣ гардид, ки соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0