Сайёҳони русиягӣ таътили солинавиро дар Тоҷикистон гузарониданд

© Sputnik Душанбе
Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Беш аз 20 рӯз сайёҳони русиягӣ дар таътили солинавӣ дар Тоҷикистон истироҳат карданд
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Аз се ду ҳиссаи сафарҳои солинавии русиягиҳо (57%) дар рӯзҳои таътили расмии онҳо тӯлонитар буд ва бисёре аз сайёҳон онҳоро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гузаронидаанд.
Тибқи натоиҷи таҳлили хадамоти "Яндекс.Путешествия", барои сафарҳои тӯлонӣ, ки беш аз 20 рӯз давом мекунад, русиягиҳо Ҳиндустон, Тайланд, Тоҷикистон, Исроил ва Сербияро интихоб кардаанд.
Дар мавриди Тоҷикистон, тибқи таҳлилҳои марбути ба ҷустуҷӯву фармоиши билетҳои ҳавопаймо ва меҳмонхонаҳо, сайёҳон бештари вақти худро дар Душанбе гузаронидаанд.
Дар Русия барои сафарҳои тӯлонӣ манотиқе монанди Ханти-Мансийск, Новокузнетск, Чита, Уляновск ва Владикавказ интихоб шудаанд. Русиягиҳо дар ин манотиқ беш аз 16 рӯз истироҳат кардаанд.
Русиягиҳо тобистонро дар Тоҷикистон мегузаронанд
Ҷолиби диққат аст, ки мардум аз ҳисоби моҳи декабр таътили худро тамдид кардаанд. Дар соли гузашта русҳо таътили худро ба ҳисоби миёна ду ҳафта тамдид намуда буданд.
Аммо Қибрис, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Маҷористон, Молдив ва Миср дар сархати фиеҳрасти кишварҳои гардишгарӣ барои русҳо қарор доштаанд ва дар Русия шаҳрҳое чун Маскав, Санкт-Петербург, Сочи ва Екатеринбург гардишгарони дохилиро мизбонӣ кардаанд.
Қаблан маълум шуда буд, ки Тоҷикистон дар соли 2021 ба яке аз маъруфтарин кишварҳои гардишгарӣ барои русиягиҳо табдил ёфтааст.
Феҳристи кишварҳои дархостшуда ҳамчунин Туркия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Молдова, Беларус, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Юнонро низ шомил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала