Шарҳи ВУХ Русия дар мавриди эҳтимоли васеъшавии СААД

© Ruptly ПреФлаги-стран участниц ОДКБ
Флаги-стран участниц ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Дари Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои қабули аъзои нав боз аст
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия шеваҳои пайвастани аъзои нав ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро тавзеҳ дод.

"Дар оинномаи СААД ҳамааш сабт шудааст. Онҳое, ки мехоҳанд ба ин созмон пайванданд, бояд бо чунин дархост муроҷиат кунанд", - изҳор дошт Лавров зимни нишасти матбуотӣ.

Феълан Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви СААД мебошанд.
Ӯ инчунин илова намуд, роҳбарони кишварҳои узви СААД санадеро имзо намуданд, ки бар асоси он, ба оинномаи ин созмон тағйирот ворид мегардад.
Страны участники заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Кумакхоҳии Тоқаев аз роҳбарони кишварҳои узви СААД: ин таҷовузи хориҷист - видео
"Бар асоси тағйироти воридшуда, дар баробари аъзои комилҳуқуқи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мақомҳое чун шарик ва нозир пайдо мешаванд", - таъкид намуд вазир.
Ба гуфтаи Лавров, ҳадди ақал таваҷҷуҳ барои барқарор кардани тамосҳо бо СААД вуҷуд дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳифзи якҷояи давлатҳои узв аз таҷовузи низомию сиёсии хориҷӣ ва ҳамчунин ҳамлаҳои террористӣ арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала