Кӯҳистони Хатлон: Ҳар кӯдаки 10-ум дар хона таваллуд мешавад

Новорожденный ребенок. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Мақомоти тандурустии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, яке аз навоҳии кӯҳии вилояти Хатлон мегӯянд, ҳанӯз ҳам ҳолатҳои таваллуд дар шароити хона ҷой доранд
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Беморхонаи марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иттилоъ дод, ки тайи 12 моҳи соли гузашта 124 ҳолати таваллуд дар шароити хона ба қайд гирифта шуд.
Нашрияи минтақавии "Пайк" аз қавли мақомоти тандурустии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин иттилоъ дод, ки тайи 12 моҳ 124 ҳолати таваллуд дар хона ва 1228 маврид дар зоишгоҳҳо сабт гардид.
Манбаъ афзудаст, ки шумораи зоиши кӯдак дар шароити хона дар қиёс бо соли 2020-ум 21 адад кам аст.
Близнецы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Таваллуди рекордии дугоникҳо дар Ӯзбекистон
Таъкид шудааст, ки гарчанде зоиши хонагӣ ҳамагӣ 9,1%-и таваллуди умумӣ дар ноҳияро ташкил медиҳад, ҳанӯз ҳам ҷой доштани ин зуҳурот нишондиҳандаи камбуди мутахассисону мушкили дастрасӣ ба инфрасохтори тиббӣ мебошад.
Масъулини тандурустӣ мегӯянд, зоиши хонагӣ асосан дар деҳаҳои дурдаст, мавзеъҳое, ки таваллудхона надоранд, роҳашон то ба ноҳия хеле дур ва валангор аст, бештар сабт мегардад.
Дар ҳамин ҳол масъулин аз хатари зоиш дар хона ҳушдор дода, таъкид мекунанд, шароитеро, ки таваллудхонаҳо доранд, дар хона фароҳам кардан ғайриимкон аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала