Тоҷикистону Ӯзбекистон равобити заминияшонро пурра барқарор мекунанд

© Sputnik / Стас ЭтвешАвтобус в городе Бухара
Автобус в городе Бухара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қасд доранд, ҳаракати автобус ва мошинҳо дар миёни ин ду кишвар пурра барқарор шавад
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро баргузор карданд.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон, ин мулоқот рӯзи 12-уми январ дар Тошканд баргузор шудааст.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар заминаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баррасӣ кардаанд.
Ҳайатҳои ду тараф рафти иҷрои созишномаҳои имзошуда дар ин соҳаро баррасӣ кардаанд.
Первая группа пассажиров автобуса Худжанд-Ташкент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Оғози ҳаракати автобусҳо дар масири Хуҷанд - Тошканд: арзиш ва макони чиптахарӣ
Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон таъкид кард, ки мавзуи аз нав барқарор кардани хатсайри автобусҳо миёни ду кишвар, ки бар асари пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, низ баррасӣ шудааст.

"Дурнамои рушди долони нақлиётии Ӯзбекистон - Тоҷикистон - Чин низ баррасӣ шуд",- омадааст дар иттилоия.

Ёдовар мешавем, ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 1992 ба далели ҷанги дохилӣ дар қаламрави Тоҷикистон қатъ шуда буд. Пас аз танаффуси 26-солаи ҳаракати автобусҳо дар миёни ин ду кишвар, 15 майи соли 2018 он аз сар гирифта шуд.
Аммо аз 16 марти соли 2020 бо сабаби пандемияи корона равобити заминии миёни Тошанду Душанбе қатъ шуд. Аз 1 сентябри соли ҷорӣ маҳдудиятҳо тадриҷан бардошта мешаванд.
Аз 18 октябр байни шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ аз сар гирифта шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала