Маълум шуд, тоҷикистониён дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд

© Foto / Amir IsaevДевушки на улице в Душанбе в национальных костюмах во время празднования Навруза 2021, архивное фото
Девушки на улице в Душанбе в национальных костюмах во время празднования Навруза 2021, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Дар моҳи март сокинони Тоҷикистон ба хотири идҳое, ки ба ин моҳ рост меоянд, Рӯзи модар ва Наврӯз беш аз 10 рӯз истироҳат хоҳанд кард.
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ҷашнҳо ва рӯзҳои истироҳатии муқаррарӣ дар моҳи марти соли ҷорӣ 13 рӯз истироҳат мекунанд.
Дар ин бора як манбаъ аз Федератсияи иттифоқи касабаи кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.

"Қарори дахлдори гузаронидани рӯзҳои истироҳат ба дигар рӯзҳои корӣ дар соли 2022-ро ҳукумат содир кардааст, ки мувофиқи он, бо назардошти Рӯзи модарон ва Ҷашни Наврӯз аҳолии Тоҷикистон дар моҳи март 13 рӯз истироҳат хоҳанд кард", - афзуд манбаъ.

Бар пояи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи шанбеи панҷуми март рӯзи корӣ буда, шанбе, 19 март низ рӯзи корист, аммо ҷумъаи 25 март истироҳатӣ эълон шудааст.
Ба ин тартиб тоҷикистониён дар моҳи март рӯзҳои 6, 7, 8 (Рӯзи модарон) ва 15, 16- ум (рӯзҳои истироҳатии муқаррарӣ) истироҳат хоҳанд кард.
Ҳамзамон аз 19 то 25-уми март ( 29, 30 ба таври муқаррарӣ) истироҳат эълон шудааст.
Гуфта мешавад, рӯзҳои истироҳативу корӣ ба он хотир ҷобаҷоӣ шуданд, ки сокинон истироҳати давомдор дошта бошанд ва ҳамзамон ҷашнҳоро хуб гузаронанд.
Ёдовар мешавем, тибқи Қонун дар бораи рӯзҳои ид, дар соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҷашни мухталиф, аз ҷумла ҷашнҳои байналмилалӣ, касбӣ, давлатӣ ва динӣ баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0