Толибҳо барои музокирот ба Туркманистон рафтанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПредставитель движения "Талибан"
Представитель движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Обуна шудан
Ҳайати толибон барои музокирот дар бораи тиҷорат ва энержӣ озими Туркманистон шуд
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Як ҳайати толибҳо таҳти сарварии иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ Амирхон Муттақӣ барои музокирот ба Туркманистон рафтанд.
Интизор меравад, дар ин сафар масоили тиҷорат, энергетика ва лӯлаи гази ТАПИ баррасӣ шавад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон.
"Ҳайат бо даъвати Туркманистон ба Ишқобод парвоз кард, то бо мақомоти Туркманистон дар бораи масоили тиҷорати дуҷониба, энергетика, роҳи оҳан, тарҳи ТАПИ ва бурсияҳо дидору гуфтугӯ кунад", - афзуд манбаъ.
Моҳи декабри соли 2015 дар қаламрави Туркманистон сохтмони лӯлаи гази Туркманистон - Афғонистон - Покистон - Ҳиндустон, мавсум ба ТАПИ бо тӯли 1814 километр ва зарфияти интиқоли гази табиӣ 30 миллиард метри мукааб дар як сол оғоз шуд.
Бар асари муноқишаи дохили Афғонистон қитъаи ТАПИ, ки бояд аз қаламрави Афғонистон убур кунад, мушкилтарин маҳсуб мешавад.
Қаблан толибҳо, ки тоза дар Афғонистон ба сари қудрат омаданд, ба бунёди лӯлаи гази ТАПИ манфиатдор будани худро эълон карда буданд.
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Ҳабибуллоҳи Ҳисом: Ҳайати толибон аз Эрон дасти холӣ ва бидуни дастовард баргашт
Толибҳо авоили моҳи август ҳуҷумашонро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар хотимаи ҷанг дар ин кишварро эълом карданд.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини ин ҷунбиш вазири умури хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0