Аз биноҳои маъмурӣ то мошинҳо: Тазоҳургарон дар Қазоқистон чанд биноро ро оташ заданд?

© AFP 2021 / Alexander BogdanovСгоревшие в результате беспорядков автомобили в Алматы
Сгоревшие в результате беспорядков автомобили в Алматы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Сӯхтори бештар дар Алмаато – 58, дар вилояти Қизилӯрда – 26, дар Шимкент – 14 рух додааст
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар тазоҳуроти моҳи январ ва ошӯбҳои баъдӣ дар Қазоқистон эътирозгарон дар баъзе аз шаҳрҳо биноҳои маъмурӣ ва тиҷоратӣ мошинҳоро оташ заданд.
Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон, бо эълони вазъи изтирорӣ воҳидҳои вазорати мазкур 117 сӯхторро, ки дар иншооти гуногуни маъмурӣ, аз ҷумла моликияти давлатӣ, дигар биноҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ рух додаанд, сабт кардаанд.
Шумораи бештари оташсӯзӣ дар Алмаато – 58, дар вилояти Қизилӯрда – 26, дар Шимкент – 14 сабт шудааст.
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2022
Сӯхтор, харобиҳо ва посбонии низомиён: оқибати эътирозҳо дар Қазоқистон - акс
Ҳамзамон ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор нерӯҳои Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ беш аз 30 нафарро наҷот дода, 115 нафар аз афроди ба хатар мувоҷеҳшударо ба ҷойҳои бехавф кӯчонидаанд.
Ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор 10 нафар аз кормандони ин ниҳод ҷароҳат бардоштаанд. Ин кормандон ба бистарӣ шудан дар беморхона ниёз надоштаанд.
Ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор 30 техникаи оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ, тахриб, дуздида ва сухта шудааст: ҳафттои онро рабудаанд, панҷ ададро оташ зада ва 25-тои он тахриб шудааст. Ҳоло 21 воҳид техника барқарор ва боқимондаашон корношоям эълон шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала