Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Коронавирус одамро фарбеҳ мекунад: шарҳи пизишк

CC0 / pxhere / Ожирение, архивное фото
Ожирение, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Барқарории пурра пас аз COVID-19 одатан шаш моҳро вақтро дар бар мегирад. Яке аз оқибатҳои ногувори ин беморӣ тағирёбии вазн аст
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Коронавирус инсонро бо оқибатҳои мухталиф, аз ҷумла диққи нафас, авҷ гирифтани бемориҳои музмин ё тағирёбии вазн дучор мекунад.
Ҳамин тавр пас аз мубтало шудан ба COVID-19 инсон метавонад вазни зиёдеро аз даст диҳад, гуфт ба радиои Sputnik номзади илмҳои тиб, эндокринолог, дотсенти кафедраи эндокринологияи РНИМУ ба номи Н. И. Пирогов Юрий Потешкин.
Ба гуфти табиб, ҳангоми гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ аксари вақт иштиҳо кам шуда, инсон дар қиёс ба ҳолати маъмулӣ камтар хӯрок мехӯрад, ки боиси кам шудани вазни ӯ мегардад.
"Ҳоҷати воҳима кардан нест", - мегӯяд Юрий Потешкин ва тавсия медиҳад, ки ба парҳез аз хӯрокҳои дорои сафеда иқдом кард, то инсон тавонад қувват дошта бошад.
Бо вуҷуди ин аксари вақт коронавирус боиси афзоиши вазн мегардад, мегӯяд пизишк.
Инфаркт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Зарба ба қалб: чӣ гуна коронавирус инсонро мекушад?
Гап сари он аст, ки дар вақти беморӣ одамон кам ҳаракат мекунанд ва инчунин миқдори зиёди равған истеъмол менамоянд.
"Одам аз ғизои болаззат эҳсосоти мусбӣ ба даст меорад ва қувваи худро захира мекунад", - мегӯяд Юрий Потешкин. Ӯ меафзояд, ки чунин вазъ хоси ҳама гуна бемориҳост.
Чаро мардон нисбат ба занон аз COVID тезтар мемиранд
Дар натича вазни одам 10—15 фоиз зиёд мешавад. Барои барқарор кардани шакли қаблӣ, шумо бояд тадриҷан ҳаҷми фаъолияти ҷисмониро аллакай дар давраи барқароршавӣ аз COVID-19 зиёд кунед ва инчунин истеъмоли ғизоро назорат кунед.
Табиб мегӯяд, барқароршавии пурраи бадан пас аз коронавирус шаш моҳ фурсатро дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала