Лавров гуфт, ки кӣ метавонад ба СПАД шомил шавад

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкВоенные учения ОДКБ "Рубеж-2021" в Киргизии
Военные учения ОДКБ Рубеж-2021 в Киргизии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Русия имкони пайвастани кишварҳои нав ба СПАД-ро баррасӣ кард ва гуфт, барои ин робитаҳо барқарор мешаванд
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар бораи имконоти эҳтимолии тавсеаи СПАД сӯҳбат кард.
"Ҳама чиз дар оинномаи СПАД навишта шудааст: ҳар касе, ки узвият мехоҳад, бояд чунин дархост кунад", - гуфт Лавров дар нишасти хабарияш.
Дар ҳоли ҳозир ба ҳайати СПАД кишварҳои зерин шомиланд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вазир, тайи 1,5 соли ахир сарони давлатҳо протоколи ислоҳи оинномаро имзо кардаанд. Тибқи ҳуҷҷат, ба ҷуз аз аъзои комилҳуқуқи созмон, ниҳодҳои шарикӣ ва нозирӣ таъсис дода мешаванд.
"Вақте дар наздикии марзҳои мо техника, қувваи низомӣ ҷамъ мешавад ва ин ҳам на аз он кишварҳо, албатта мо бояд бифаҳмем, ки ин техникаи низомӣ чӣ кор мекунад. Дар кишварҳои соҳили Балтика, Полша ва дигарҳо”, - шарҳ дод Лавров.
Ҳаддиақал ба баркарор намудани алоқа манфиатдор аст, таъкид намуд ӯ.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Лавров: Ғарб косаи сабри Русияро лабрез кард
Бо вуҷуди ин, дипломат даъват кард, ки "баъзеҳо маънои пинҳонӣ" наҷӯяд ва афзуд, ки Кремл танҳо ба таҳдидҳое вокуниш нишон медиҳад, ки амният ва якпорчагии кишварро зери суол мебарад.
Ёдовар мешавем, ки аз 10 то 13 январ нахустин ҷаласаи Шӯрои Русия-НАТО дар беш аз 2 сол баргузор шуд. Гуфтушунид ба ҷои 3 соати пешбинишуда қариб 4 соат давом кард.
Дар мулоқот масъалаи пеш набурдани зерсохтори низомии паймон ба самти шарқ баррасӣ шуд, ки тибқи он НАТО ваъда дода буд, вале ба он амал накард ва ба марзҳои Федератсияи Русия наздик омад.
Қаблан Александр Грушко, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфта буд, ки дар сурати таҳдиди воқеӣ ба амнияти ин кишвар, Маскав "маҷмӯи тадобири низомиву фаннӣ"-ро дорад.
Лентаи хабарҳо
0