СПАД амалиёти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро омода мекунад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузаштан ба хазинаи аксУчения сил ОДКБ в Таджикистане
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Дабири кулли СПАД нақшаи чорабиниҳои мубориза бо маводи мухаддирро барои соли 2022 эълон кард
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ соли 2022 дар наздикии марз бо Афғонистон се амалиёти зидди маводи мухаддир баргузор хоҳад кард.
Дар ин бора дабири кулли СПАД Станислав Зас зимни як суҳбаташ дар шабакаи телевизионии "Россия 24" хабар дод.

"Мо барои соли ҷорӣ тадбирҳое дар соҳоти мухталиф - амнияти низомӣ, мубориза бо терроризм, амалиёти воқеиро ба нақша гирифтаем. Ҳамчунин тадобире низ барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар барномаанд", - қайд кард Зас.

Ба гуфтаи ӯ, ин мушкил дар робита ба ҳаводиси ахири Афғонистон аҳамияти хоса дорад.
"Мо се марҳилаи як амалиётро барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба нақша гирифтаем", - шарҳ дод дабири кул.
Вай ҳамчунин афзуд, ки "як маҷмуи вазифаҳо" дар соли 2022 амалӣ хоҳанд шуд.
Военные учения ОДКБ Рубеж-2021 в Киргизии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Лавров гуфт, ки кӣ метавонад ба СПАД шомил шавад
Ӯ ёдовар шуд, ки ин тарҳҳо бо дарназардошти тасмимҳои дар нишасти ахири сарони давлатҳо дар Душанбе гирифташуда таҳия шудаанд.
Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфта буд, бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба кишварҳои узви СПАД-ро афзоиш медиҳад.
Қобили зикр аст, ки маводи мухаддир аз тариқи Тоҷикистон аз Афғонистон ба Русия ва Аврупо интиқол дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала