Ташдиди назорати вуруд ба Тоҷикистон: "Сомон эйр" талаботеро нашр кард

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксМужчина в медицинской маске в аэропорту, архивное фото
Мужчина в медицинской маске в аэропорту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Вазъи душвори эпидемиологии минтақа ва суръати баланди паҳншавии штамми омикрон мунҷар ба роҳанзодии иқдомоти беҳдоштие дар Тоҷикистон шудааст
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Сомон эйр" пешниҳоди натоиҷи ташхис аз COVID-19-ро ҳатмӣ хондааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ширкат, бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси COVID-19 ҳангоми қайди чиптаи мусофирон аз онҳо шаҳодатнома, ҳуҷҷати аслии ПСР-тест бо натиҷаи манфии коронавирус дархост мешавад.
"Шаҳодатномаҳое, ки дар онҳо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19 дарҷ нашудааст, қабул карда намешаванд",- таъкид кардааст ширкат.
Гуфта мешавад, дар шаҳодатнома бояд ному насаби мусофир (беҳтараш бо забони англисӣ), санаи таваллуд, натиҷаи манфии ПСР-тести COVID-19, ҳамчунин рамзи QR барои онҳое, ки ба Русия парвоз мекунанд, қайд шуда бошанд.
Ба мусофироне, ки ба Тоҷикистон сафар менамоянд, доштани натиҷаи манфии ПСР-тест ҳатмӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, кӯдакони то 3-сола аз супоридани санҷиши ПСР маоф мебошанд.
Назорат на танҳо дар фурудгоҳҳо, балки дар гузаргоҳҳои марзӣ бо ҳамсоякишварҳо низ ташдид шудааст.
Маҷнун Орипов, сардори Хадамоти санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло аз ҳар нафари воридшаванда аз Ӯзбекистон натоиҷи ПСР-тести коронавирус тақозо мешавад.
Мужчина плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Эълони панҷ нишонаи асосии гирифторӣ ба омикрон
"Ҳоло дар гузаргоҳҳои наздисарҳадии Патари шаҳри Конибодом, Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ, Саразми шаҳри Панҷакент, инчунин Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд навбатдории шабонарӯзии кормандони беҳдоштӣ ташкил шуда, ташхиси тиббии ҳар нафаре, ки ворид мешавад, ҳатмӣ мебошад”, - афзуд ӯ.
Орипов таъкид намуд, ки ба ҷуз аз ин ба ҳамаи шаҳрвандони воридшаванда дастури қатъӣ дода мешавад, то барои пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ ҳудуди 14 шабонарӯз дар шароити хона карантин шаванд.
Ёдовар мешавем, навъи нави коронавируси омикрон ҳоло ба ҳамсокишварҳои Тоҷикистон - Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон роҳ ёфтааст.
Ҳолатҳои сироятёбӣ дар ин кишварҳо ба ҳадди болои расида, назорат дар ин хусус низ сангинтар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала