Витаминҳои зиддипирӣ кадомҳоянд? - посухи мутахассис

© PixabayОрехи
Орехи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Обуна шудан
Витамини В2, ки бештар дар шир, ҷигар, мағз, бахусус дар чормағз мавҷуд аст, раванди пиршавиро суст мекунад ва ҳуҷайраҳои баданро ҷавонтар нигоҳ медорад.
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Нигоҳ доштани пӯст ва мӯйи ҷавон, инчунин мубодилаи умумии моддаҳо аз витаминҳои В, махсусан B2 вобаста аст. Дар ин бора зимни суханронӣ дар "Шабакаи панҷум" гастроэнтеролог Елена Тюлпина иттилоъ дод.
"Тамоми равандҳои биохимиявӣ дар бадани мо бо иштироки витаминҳои В, аз ҷумла витамини B2 ё рибофламин ба амал меоянд. Дар айни замон нақши асосии витамини B2 фаъолсозии дигар витаминҳои В: B6, B9 (кислотаи фолий) ва витамини В12 мебошад, ки бе он таъсире надоранд", - шарҳ дод Тюлпина.
Ба гуфтаи коршинос, норасоии витамини В2 аксари вақт дар натиҷаи заҳмати шадиди ҷисмонӣ, камхунӣ ва бемориҳои рӯда ё ғадуди сипаршакл ба вуҷуд меояд.
Аммо танҳо тавассути таҳлил муайян кардан мумкин аст, ки одам ба витамини В2 ниёз дорад ё на.
Ин витаминро "витамини зебоӣ" низ меноманд, зеро он дар синтези молекулаҳои сафеда ҳаст ва раванди пиршавиро суст мекунад.
Таджикский праздничный стол - дастархан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Бидуни варзиш ва маҳдудиятҳо: се роҳи хӯрдан ва фарбеҳ нашудан
Табиб гуфт, ки витамини В2 ҳам дар маҳсулоти растанӣ ва ҳам дар маҳсулоти аз ҳайвонот гирифташуда мавҷуд аст: он аз шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, ҷигар ва гурда, инчунин занбурӯғ ва чормағз бой аст.
Консентратсияи рекордии витамини B2 дар чормағзи санавбар аст. Бо вуҷуди ин, ҳатто ин метавонад кофӣ набошад.
"Бо назардошти калориянокии баланди чормағзи санавбар, мо онро ба миқдоре, ки барои ҷуброни норасоии витамини B2 лозим аст, хӯрда наметавонем",- гуфт Тюлпина.
Рибофламин дар ҳузури рӯшноӣ хеле зуд вайрон мешавад, ки аз хӯрокҳои маъмулӣ дарёфт карданро мушкил мекунад, афзуд ӯ.
Духтур тавсия дод, ки дар ҳолати норасоии витамини В2, ки духтурон муқаррар кардаанд, витаминҳое, ки аз ин иловаҳо боянд бояд истеъмол кард.
Лентаи хабарҳо
0