Беморони коронавирусро муолиҷа мекард: даргузашти Одил Давлатов дар ҷои кор

Автомобиль реанимации. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Одил Давлатов, табиби эҳёгари шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент дар синни 54-солагӣ дар ҷойи кораш аз олам даргузашт.
ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Даргузашти Давлатов, табиби эҳёгари шаҳри Панҷакентро ҳамкоронаш таъйид карданд.
"Давлатов рӯзи 15-уми январ навбатдор буд, вале бегоҳӣ дучори дарди сар шуда, бо ҳамин ҷон ба Ҳақ таслим намудааст", - изҳор дошт Раъно Абдуллоева, сартабиби шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент ба Sputnik Тоҷикистон.
Ӯ афзуд, Давлатов соли гузашта як дафъа сактаи хурди мағзӣ - микроинсултро аз сар гузаронда буд.

"Ба вазъи саломатии худ нигоҳ накарда, бо хоҳиши худ ба шуъбаи сироятшиносӣ, барои муолиҷаи беморони коронавирус ба кор гузашта буданд. Дирӯз дар шуъбаи эҳё дар ҷойи кор бандагӣ кардаанд”, - гуфт сартабиб.

Абдуллоева зикр кард, ки Давлатов аз табибони масъулиятшиноси шаҳри Панҷакент буд ва аксари беморони вазнини шуъбаи эҳё зери муроқибати ӯ қарор мегирифтанд.
Сартабиб даргузашти Одил Давлатовро як талафоти ҷуброннопазир барои соҳаи тибби шаҳри Панҷакент хонд.
“Ҳамеша кори худро бо шавқ ба иҷро мерасонд. Ҳама беморон аз кори ӯ қонеъ буданд. Худаш ҳам табиби хоксор буд, ҳеҷ гоҳ дили касеро озор намедод. Кӯшиш мекард, кори неку савобро иҷро намояд”, - ёд овард Абдуллоева.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Аз мотам дар оилаи президент то муллою табибон: ғам дар соли 2021 дари киро кӯфт?
Одил Давлатов соли 1968 дар деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Баъд аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, соли 1993 фаъолияти меҳнатиашро дар шуъбаи эҳёи шифохонаи марказии шаҳри Панҷакент шуруъ намуд ва то дами марг дар ин ҷо кор мекард. Соли 2021 бо гирифтани унвони Аълочии тандурстии Тоҷикистон шарафёб гардонида шуда буд. Қарор аст, бо расидани писараш, ки дар ҳиҷрати корӣ дар Русия қарор дорад, бегоҳи 16 январ ҷанозаи Одил Давлатов дар қабристони ҷамоати Рӯдакӣ ба хок супурда шавад.
Лентаи хабарҳо
0