Бозгашт ба Ватан: Пешвози нерӯҳои посдори сулҳи Тоҷикистон дар фурудгоҳ – видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Пас аз ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон нерӯҳои посдори сулҳ аз қаламрави ин давлати узви СПАД хориҷ мешаванд
Сарбозони тоҷикро бо ҳавопаймои Ил-76 аз фурудгоҳи Алмаато ба Тоҷикистонн интиқол доданд.
Дар ҳавопаймо ҳамроҳ бо низомиёни Тоҷикистон як гурӯҳи 31-нафараи донишҷӯёни низомии тоҷикистонии Донишкадаи ҳарбии нерӯҳои хушкигарди Қазоқистон барои гузаронидани таътил ба Ватан рафтанд. Ситоди амалиёти СПАД дар ҳамин муассисаи таълимӣ ҷойгир буд.
Дар фурудгоҳ сарбозони тоҷикро бо шукуҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд. Мақомоти низомии Тоҷикистон СААД аз сарбозоне, ки дар ин амалиёт ширкат доштанд, изҳори сипос карданд.
Ёдовар мешавем, пас аз эътирозҳои оммавӣ, ки дар Қазоқистон дар авоили моҳи январ оғоз шуданд, дар ин кишвар ғоратгарӣ сурат гирифт, муътаризон ба ниҳодҳои давлатӣ ҳамла карда, силоҳҳои низомиёнро гирифтанд.
Президенти Қазоқистон барои рафъи хатари террористӣ ба СПАД муроҷиат кард. Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД тасмим гирифт, ки то ба эътидол омадани вазъ нерӯҳои дастаҷамъии посдори сулҳи ин созмонро ба Қазоқистон фиристад.
Дар маҷмуъ ба қаламрави Қазоқистон наздик ба 4000 сарбоз ворид шуд, ки се ҳазор аз нерӯҳои низомии Русия, 500 тан аз Белорусия ва мутаносибан 150 ва 100 нафар низомӣ аз Қирғизистону Арманистон буданд.
Дар навбати худ Тоҷикистон 200 нафар нерӯи посдори сулҳро ба ин кишвар фиристод.
Вазифаи асосии сулҳбонон дар Қазоқистон ҳимояти объектҳои муҳимти стратегӣ ва расондани ёрӣ ба нерӯҳои қазоқ дар ҷиҳати ҳифзи тартибот дар кӯчаҳо буд.
Лентаи хабарҳо
0