Чопи китоби "Таърихи Русия" барои муҳоҷирони тоҷик

© SputnikИстория России: учебное пособие для таджикских трудовых мигрантов
История России: учебное пособие для таджикских трудовых мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Тоҷикистон дар Русия барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар бораи таърихи халқи рус ва ташаккулёбии раванди давлатдории Русия китоберо аз чоп бароварданд
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи Русия китоберо нашр кардааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки намояндагӣ китоби муҳаққиқ ва олими шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Саидзода “Таърихи Русия”-ро ба табъ расонидааст.
“Ин китоб барои доираи васеи олимону муҳаққиқон, коршиносони сатҳи минтақавию байналмилалӣ, омӯзгорону донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Русия кор ва фаъолият менамоянд, пешниҳод карда мешавад”, -қайд кардааст манбаъ.
Гуфта шудааст, китоби мазкур дар бораи таърихи халқи рус ва ташаккулёбии раванди давлатдории Русия аз дирӯз то имрӯз қисса намуда, вобаста ба урфу одат, расму оин ва анъанаву меъёрҳои маданиву фарҳангии халқи рус маълумотеро шомил мешавад.
Лежащие на книжной полке открытые книги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Касе "шоҳҷоиза" нагирифт: эълони ғолибони "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"
Намояндагӣ ин китобро ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Русия кору фаъолият менамоянд, тавсия додааст.
Намояндагӣ иттилоъ додааст, ин китоб сомонаи “somb.ru” дар шакли электронӣ барои ҳамаи муҳоҷирон дастрас мебошад.
Бояд гуфт, мақомоти Русия ҳамеша аз он мегӯяд, ки аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия аз таъриху одатҳои мардуми ин кишвар бехабаранд. Ҳамчунин ин китоб метавонад ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар комёб шудани имтиҳонҳо аз фунуни забонӣ ва таърих барои дарёфти шаҳрвандӣ кумак намояд.
Лентаи хабарҳо
0