Путин бо президенти Эрон музокирот мекунад

© REUTERS / SPUTNIKВладимир Путин
Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳбарони Русия ва Эрон ҳафтаи оянда густариши ҳамкориҳо миёни ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Музокироти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои эронияш, Иброҳим Раисӣ, ҳафтаи оянда дар шаҳри Маскав дар назар аст, хабар дод РИА Новости.
Манбаъ зикр кардааст, ки Русия ва Эрон шарикони стратегӣ буда, ҳамкории қавӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, низомӣ ва сиёсӣ доранд. Маскав чанд сол боз дар Бушери Эрон ба бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ машғул мебошад. Инчунин ҷонибҳо размоишҳои муштараки низомӣ гузаронда, муштаракан бо коронавирус мубориза мебаранд. Эрон барои пешгирии коронавирус аз ваксинаҳои "Спутник V" васеъ истифода менамояд.
Теҳрон изҳор дошт, ки созишҳои молӣ ва тиҷорат миёни Эрону Русия аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти роҳбарони ду кишвар хоҳад буд.
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Мулоқоти додситонҳои кулли Тоҷикистону Эрон дар Русия: баҳс сари чӣ буд?
Комбизи Миркаримӣ, ноиби раиси Палатаи муштараки тиҷории Русия ва Эрон дар суҳбат бо Хабаргузории ҷумҳурии исломӣ (IRNA) таъкид намудааст, ки сафари қарибулвуқуи Раисӣ ба Маскав бисёр муҳим мебошад.
"Яке аз бартариҳои ин сафар музокироти сатҳи олӣ дар мавриди муносиботи тиҷорию молӣ мебошад", - изҳор дошт мақомдори эронӣ.
Миркаримӣ таъкид намудааст, ки маҳз дар сатҳи олӣ баргузор шудани гуфтушунидҳо самараи хубе барои рушди муносиботи миёни ду кишвар хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0