"Шикорчӣ"-и тоҷик алайҳи "Шеф повар"-и русиягӣ: Чилаев қаҳрамониро гирифтанист

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкММА Бой
ММА Бой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2022
Обуна шудан
Анис Чилаев, размикори тоҷик, боварӣ дорад, ки аз рақиби русиягияш унвони қаҳрамониро хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Анис Чилаев, лақабаш "Шикорчӣ" бо Искандар Зиёев, лақабаш "Шеф повар" дар доираи мусобиқаи Top Dog FC зӯрозмоӣ мекунад.
Ин созмон хабар дар бораи нақшаи баргузории ин сабқатро нашр кардааст, ки 5-уми феврал дар назар аст.
Варзишкорон барои унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабуки то 64 кило рақобат мекунанд. Размикори тоҷикро зарур аст, ки бартарияташро бар Зиёеви русиягӣ нишон диҳад то сазовори унвони қаҳрамонӣ шавад. Ӯ феълан якумин қаҳрамони Top Dog мебошад.
"Шеф повар", ки то ҳол сабқатҳояшро пеш аз муҳлат ба охир мерасонд, ба майдон бармегардад, то унвони қаҳрамонияшро ҳифз намояд.
Таджикский боксер Сахиб Усаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2021
Аз Golden Tajik то Чилаев: дурахши муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи бонуфузе дар Маскав
"Анис, довталаби ҳатмии қаҳрамонӣ мебошад. "Ширкорчӣ"-и шикастнадида муътақид аст, ки маҳз ӯ унвони қаҳрамониро аз Зиёев меситонад", - таъкид намуд Top Dog.
Зикр шудааст, ки Чилаев сӯи се пирӯзии паиҳам бар рақибони ҷиддияш равон аст.
Ин ду размикор сабқат хоҳанд кард, ки кадоме аз онҳо рекорди шикаснопазириро идома хоҳанд доду унвони қаҳрамони бебаҳсро соҳиб мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки Чилаев ахиран рақиби украинияш, Артём Айвазидиро дар доираи мусобиқаи Shamo Boxing Promotions 66 дар даври аввал шикаст дод.
Лентаи хабарҳо
0