Сеюмин домоди Назарбоев аз мақомаш барканор шуд: ӯ миллиардер аст

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкВнеочередные президентские выборы в Республике Казахстан
Внеочередные президентские выборы в Республике Казахстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Қаблан ду домоди дигари Нурсултон Назарбоев мақомҳои худро дар ширкатҳои давлатии Қазоқистон тарк карданд.
ДУШАНБЕ, 17 янв - Sputnik. Домоди Назарбоев Тимур Қулибоев аз мақоми раҳбарии Палатаи миллии соҳибкорони "Атамекен" истеъфо дод. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон гузориш медиҳад.
Қулибоев ҳамсари духтари Нурсултон Назарбоев Динара мебошад.
Ҳар дуи онҳо ба рӯйхати "Forbes" ворид буда, то моҳи майи соли 2021 нашрия дороии ҳар яке аз онҳоро 2,9 миллиард долларӣ арзёбӣ карда буд.
Зану шавҳар се фарзандро тарбия мекунанд.
Қулибоев қаблан дар ширкатҳои давлатии Қазоқистон, аз ҷумла дар бахши энержӣ чанд мақомҳои раҳбарӣ дошт. Ҳамчунин ӯ чанд сол муовини раис ва баъдан камтар аз як сол раиси бунёди "Самрук-Хазина" (холдинги ягонаи ширкатҳои давлатӣ) буд.
Қобили зикр аст, ки қаблан ду домоди дигари раисҷумҳури нахустини Қазоқистон мақомҳои худро дар ширкатҳои давлатӣ тарк карда буданд.
Папка с документами  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Домодҳои Нурсултон Назарбоев аз мақомҳояшон истеъфо доданд
Ҳамин тариқ Қайрат Шарифбоев аз вазифаи раиси ширкати миллии "QazaqGaz" бо аризаи истеъфоӣ барканор шуд.
Шарифбоев шавҳари духтари калонии раисҷумҳури пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Дариға Назарбоева аст.
Вай вакили маҷлис (палатаи поёнии парлумон) низ ҳаст, аммо дар ҷаласаи охирини рӯзи 11-уми январ ширкат накард.
Қайрат Шарифбоеви 58-сола аз моҳи ноябри соли 2020 раҳбари "QazaqGaz" (КазТрансГаз) буд.
Қабл аз ин ӯ муовини раиси Раёсати ҳамлу нақли газ ва маркетинги ширкати миллии "ҚазМунайГаз" буд.
Шавҳари духтари хурдии Нурсултон Назарбоев Алия низ мақомашро тарк кард.

"Тибқи қарори Шӯрои директорони ширкати "KaztransOil", аз 14 январ ваколатҳои Димаш Досанов ба ҳайси директори генералӣ, тибқи аризаи пешниҳодшуда пеш аз муҳлат қатъ шуданд", - омадааст дар хабар.

Димаш Досанови 40-сола аз соли 2016 раҳбарии ширкати "КазТрансОйл"-ро бар уҳда дошт ва қаблан мудири кулли ширкати "Лӯлаи гази Қазоқистон - Чин" буд.
Бо Алия Назарбоева як писару як духтарро ба воя мерасонад ва ҳамчунин ӯ ду фарзанди дигар аз издивоҷҳои қаблияш низ дорад.
Лентаи хабарҳо
0