Ҳарифони "Хуҷанд" ва КМВА дар мусобиқаи КФО маълум шуданд

© Федерация футбола ТаджикистанаФутбольный клуб "Худжанд", архивное фото
Футбольный клуб Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон - дастаи “Хуҷанд” дар гурӯҳи "F" бо тимҳои Қазоқистону Туркманистон зӯрозмоӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Конфедератсияи футболи Осиё - КФО қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022-ро баргузор намуд. Дар пайи қуръакашӣ, ки дар қароргоҳи КФО дар Куала-лумпур баргузор шуд, ҳарифони тимҳои Тоҷикистон - “Хуҷанд” ва Клуби марказиии варзишии артиш - КМВА маълум шуданд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар мавсими имсола низ дар минтақаи марказӣ ду гурӯҳ - якеаш иборат аз 4 даста, дигараш аз 3 даста, ташкил карда шуд.
Манбаъ афзуд, ки ноиби қаҳрамони Тоҷикистон - тими "Хуҷанд" дар гурӯҳи "F" бо клубҳои "Дордой"-и Қирғизистон ва "Копетдаг"-и Туркманистон зӯр меозмояд.
Игроки Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Рақибони "Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО маълум шуданд
Тими КМВА-и Душанбе дар гурӯҳи "Е" муқобили клубҳои “Насаф” ё "Согдиана"-и Ӯзбекистон, "Олтин Асир" -и Туркманистон ва "Нефтчӣ"- и Қирғизистон сабқат мекунад.
Кумита тавзеҳ дод, ки дар сурати ба Лигаи чемпионҳои КФО роҳхат гирифтани дастаи “Насаф”-и Қаршӣ, дар Ҷоми КФО-2022 барандаи медалҳои нуқраи чемпионати Ӯзбекистон "Согдиана"-и Ҷиззах ширкат мекунад. Агар "Насаф" натавонад ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО роҳ ёбад, пас иштирокшаро дар Ҷоми КФО идома медиҳад.
Таъкид шудаст, ки дастаҳои беҳтарини гурӯҳҳо дар финали минтақавии Ҷоми КФО-2022 вомехӯранд. Ғолиби ин дидор ба даври дигар роҳхат гирифта, ҳамчунин 100 ҳазор доллар ҷоизапулиро низ соҳиб мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0