IRS замони боз шудани роҳи Душанбе - Чаноқро гуфт

© Sputnik Зимний курорт Сафед-Дара
Зимний курорт Сафед-Дара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ширкати IRS, ки ба пулҷамъкунӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, замони тақрибии боз шудани ин масирро эълон кард
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. IRS бо нашри аксу видеоҳои поксозии роҳи Душанбе - Чаноқ изҳор дошт, ки интизор меравад, ҳаракат дар ин роҳ 18 январ аз сар гирифта шавад.

"Насиб аз 18 январ. Мо тамоми кӯшишро карда истодаем", - изҳор доштанд масъулин дар саҳифаи расмии ширкат зимни посух ба мусофироне, ки замони роҳкушоиро суол кардаанд.

Ҳаракат дар ин масир барои тамоми намуди воситаҳои нақлиёт тайи ду рӯзи охир масдуд шудааст. Ширкати роҳбон ин ҳолатро ба номусоидии бодуҳаво рабт дода, таъкид намуд, ки дар роҳ тармаи зиёд фуруд омадааст.
"Ҳамоно дар роҳҳои Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст", - ҳушдор дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар.
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Вазъи шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ: тармаи 600 – метра ва оши палав
Ин ниҳод дар пасманзари барфрезиҳои шадид иттилоъ дод, ки барои интиқоли одамон аз макони хавфнок ба ҷойҳои амн гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии ноиби якуми раиси КҲФ, полковник Ҳотамшо Латифзода фаъолият дошта, то ҳол 20 ронанда ва мусофири мошинҳои дармонда миёни тармаҳоро ба ҷойҳои амн интиқол додааст. Таъкид шудааст, ки амалиёти наҷотдиҳӣ дар роҳи Душанбе - Варзоб гузаронда шудааст.
КҲФ афзуд, ҳамчунин дар ҷойҳои лағзиши тарма барои таъмини амнияти аҳолӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS постгоҳҳо ташкил гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0