Ҷабборов: Акаев дигар назди мардум гунаҳкор нест

© Sputnik / Александр НатрускинДоктор экономических наук, профессор, иностранный член РАН, экс президент Кыргызстана Аскар Акаев
Доктор экономических наук, профессор, иностранный член РАН, экс президент Кыргызстана Аскар Акаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба гуфтаи президенти Қирғизистон, шаҳодати президенти пешини ин кишвар дар қазияи "Кумтор" бисёр кумак кард
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Содир Ҷабборов гуфт, ки президенти нахустини ин кишвар баъди истиқлолаш Аскар Акаев хатоҳои қаблии худро дар назди мардум ислоҳ кард. Ин нуктаро Ҷабборов дар мусоҳиба бо "Вечерний Бишкек" изҳор дошта афзуд, ки шаҳодати ӯ дар қаҳияи "Кумтор" бисёр муфид буд.

""Кумтор" дар арафаи имзои санадҳои ҳуқуқӣ аст. Худо хоҳад, то баҳор онро ба анҷом мерасонем. "Қумтор" азони мо шуд. Шаҳодати Акаев дар ин кор кумак кард. Акнун ҳамааш тамом шавад, муфассал гап мезанем", - таъкид намуд Ҷабборов.

Ёдовар мешавем, Акаев дар моҳҳои август ва декабри соли гузашта ба Бишкек сафар кард ва дар қазияи "Кумтор" шаҳодат дод.
Иддаои Ҷабборов дар ҳолест, ки КДАМ Қирғизистон аз ифтитоҳи парвандаи нав алайҳи Акаев хабар дод.
Қаблан раисҷумҳури пешини ин кишвар ва ҷонибдорони ӯ изҳор карда буданд, ки КДАМ Қирғизистон дигар зидди ӯ даъвое надорад ва ӯ куллан сафед шудааст. Аммо баъдан хабари пурра сафед шудани Акаев дурӯғ баромад.
Бывший президент Кыргызстана Аскар Акаев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Сафед нашуд: ифтитоҳи парвандаи нав алайҳи Аскар Акаев
КДАМ Қирғизистон мегӯяд, раисҷумҳури қаблӣ сафед нашудааст ва тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷонибдори ӯ Бекболот Талғарбеков гуфта буд, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дигар даъвое алайҳи раиси ҷумҳурии пешин надорад. Ӯ гуфта буд, Акаев пас аз бозпурсии навбатии КДАМ ҳамроҳ бо писараш ба Маскав парвоз кард.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъкид намудааст, ки "баёноти носаҳеҳи афроди алоҳида" дар бораи лағви тамоми иттиҳомот алайҳи президенти аввалин ҷомеаро ба шубҳа водор менамояд.
Лентаи хабарҳо
0