КҲФ ҳашт масири хатарнок барои ҳаракат дар Тоҷикистонро ном бурд

© саҳифи фейсбукии ширкати IRSСадама дар роҳи Душанбе - Чаноқ боиси танбашавии мошинҳо шудааст
Садама дар роҳи Душанбе - Чаноқ боиси танбашавии мошинҳо шудааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон масирҳоеро ном бурд, ки ҳаракат дар онҳо феълан хатар дорад
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. КҲФ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар ҳашт хатсайр хатари фаромадани тарма ва сангрезӣ зиёд аст.
"Ҳамоно дар роҳҳои Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағжиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст", - омадааст дар иттилоия.
Ин ниҳод бо такя ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфт, бориши борону барф дар минтақаҳои мухталифи кишвар то 20 январ идома хоҳад кард.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандони Тоҷикистону меҳмонони кишвар даъват намудааст, ки давоми ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат ба минтақаҳои кӯҳиву ноҳияҳои наздикӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Тарма дар роҳи Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Вазъи шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ: тармаи 600 – метра ва оши палав
Инчунин тавсия дода шудаст, ки рӯзҳои наздик сокинони Тоҷикистон аз рафтан ба чарогоҳ барои чорвочаронӣ, шикор, моҳидорӣ ва ғунучини ҳезум дар навоҳии куҳӣ худдорӣ намоянд.
Ин дар ҳолест, феълан роҳи Душанбе - Чаноқ, ки маркази ҷумҳуриро бо шимоли кишвар мепайвандад, баста мебошад. Ширкати IRS, ки масъули пулчинӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ мебошад, баста шудани роҳҳоро ба номусоидии обуҳаво ва тармафароӣ рабт дода, таъкид намуд, ки ҳадаф таъмини амнияти мусофирону ронандагон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0