Тасмими ҳукумат: Кумитаи ҷавонон ба бинои пешини Вазорати молия кӯчид

© Sputnik Игорь ЛекаркинМинистерство финансов РТ. Архивное фото
Министерство финансов РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳукумати Тоҷикистон бинои пешини Вазорати молияи кишварро ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш додааст
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон бо нашри як иттилоия кӯчиданашро ба суроғаи ҷадид таъйид кард.
Ба иттилои кумита, бо фармоиши ҳукумат биноҳои Вазорати молияи ҷумҳурӣ барои истифодаи минбаъда ба тавозуни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гузаронда шуданд.
Манбаъ афзуд, ки макон ва суроғаи фаъолияти минбаъдаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз кӯчаи Спортивная 6-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо 3-и ноҳияи Шоҳмансур иваз карда шуд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон на открытии музея в ТНУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Бинои нави Вазорати молия ба истифода дода шуд
Маврид ба зикр аст, ки Вазорати молияи Тоҷикистон моҳи августи соли равон, дар арафаи таҷлил аз 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ дар маркази пойтахт, дар наздикии Қасри миллат соҳиби бинои ҷадид гардид.
Бинои нави Вазорати молия дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуда буд. Бинои нав барои кормандони бахши молияи кишвар аз 11 ошёна, ду даромадгоҳи асосӣ ва ҳафт даромадгоҳи ёридиҳанда иборат мебошад.
Лентаи хабарҳо
0