Ронандагон рӯзи дувум аст, ки бозшавии роҳи Душанбе - Хуҷандро интизоранд

© Sputnik / Амир ИсаевПробка на дороге Душанбе - Худжанд. Архивное фото
Пробка на дороге Душанбе - Худжанд. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Ширкати IRS, ки масъули пулчинӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ мебошад, ронандагонро аз баста шудани роҳҳо бо сабаби номусоидии обуҳаво хабар кардааст
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Рӯзи дуюм аст, ки роҳи Душанбе - Хуҷанд баста аст, зеро дар минтақа ҳавои номусоид ва хатари фаромадани тарма идома дорад, хабар медиҳад ширкати IRS.
Ҳаракати тамоми мошинҳо аз ҷониби Душанбе, дар километри 39-ум ва аз тарафи Хуҷанд дар километри 81-уми шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ то ҳол масдуд аст.
Ба иттилои манбаъ, кормандони ширкат оқибатҳои фаромадани тармаро бартараф намуда, роҳро тоза ва маводи зидди лағжиш мепошанд.
Дар давоми рӯз дар қитъаи муайяншудаи роҳ 13 тарма бо баландии аз 3 то 14 метр ва паҳнои 200 метр бартараф карда шуд.
Заснеженная трасса Душанбе-Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2022
Роҳи Душанбе - Хуҷанд баста шуд
"Мо дар бораи азсаргирии ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳ ба таври алоҳида гузориш хоҳем дод", - қайд кардааст ширкат.
Дар ҳамин ҳол кормандони шаркат мегӯянд, ба далели муваққатан баста шудани роҳ дар ин минтақа ба ронандагону мусофирон маводи ғизоӣ тақсим мекунанд.
Қаблан КҲФ Тоҷикистон ҳушдор дода буд, ки хатари фаромадани тарма дар ҷодаҳои кӯҳӣ бештар мешавад.
IRS ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки ба хотири амнияти ҷони худ то эълони ифтитоҳи роҳ аз рондани мошин худдорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0