Русия гуфт, ҷанги қавмӣ дар Афғонистонро намехоҳад: ҳушдори Маскав аз додани силоҳ

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксБрифинг официального представителя МИД России М. Захаровой
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури хориҷии Русия бори дигар мухолифаташро алайҳи ҷанги қавмӣ дар Афғонистон баён дошт
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Русия ҳич гоҳ дар ин кор даст надоштааст ва нияти низомисозии Афғонистонро низ надорад, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии ин киишвар Мария Захарова.
"Русия ба ҳич шевае дар мусаллаҳсозии тарафҳои даргир дар Афғонистон иштирок накардааст ва чунин нақша ҳам надорад", - гуфт ӯ.
Намояндаи расмии ВУХ Русия изҳори бовар намуд, ки додани силоҳ ба тарафҳои даргир ба эътидоли вазъ дар Афғонистон мусоидат нахоҳад кард.
"Ин танҳо ба шиддати танишҳои дохилиафғонӣ меорад, ки метавонад ба ҷанги шаҳрвандӣ дар заминаи қавмӣ анҷомад", - изҳор дошт Захарова.
Вай таъкид намуд, ки чунин сурат гирифтани кор хилофи манофеи Русия мебошад.
Инчунин Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ахиран изҳор дошт, ки бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористҳо ва қочоқи маводи мухаддирро ба қаламрави СААД афзоиш медиҳад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2022 се амалиёт барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар наздикиҳои марз бо Афғонистон баргузор хоҳад кард.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Ҳушдору гилаи Раҳмон дар ҳузури президентҳои СААД: ӯ аз ҷанги толибу 6 ҳазор ҷангҷӯ гуфт
Маҷмуи чорабиниҳо дар соли равон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла амнияти низомӣ, мубориза бо терроризм ва амалиёти воқеӣ ба нақша гирифта шуданд, изҳор доштанд масъулини СААД.
Маврид ба зикр аст, ки дар Афғонистон нимаи моҳи августи соли гузашта толибҳо сари қудрат омаданд. Кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия интизориҳояшро барои ташаккули ҳукумати фарогир ва таъмини ҳуқуқҳои бунёдии инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ба кору таҳсил баён дошта буд.
Лентаи хабарҳо
0