Тахлияи даҳҳо мусофир аз банди тарма дар Тоҷикистон: рақамҳои тамос дар ҳолатҳои изтирорӣ

© КЧСЗанесенные снегом дороги в Таджикистане
Занесенные снегом дороги в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Наҷотдиҳандагони тоҷик тайи шабонарӯзи ахир даҳҳо ронандаю мусофирро аз банди тарма ба ҷои амн тахлия кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар пасманзари барфрезиҳои шадид иттилоъ дод, ки барои интиқоли одамон аз макони хавфнок ба ҷойҳои амн гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии ноиби якуми раиси КҲФ, полковник Ҳотамшо Латифзода фаъолият дошта, то ҳол 20 ронанда ва мусофири мошинҳои дармонда миёни тармаҳоро ба ҷойҳои амн интиқол додааст. Таъкид шудааст, ки амалиёти наҷотдиҳӣ дар роҳи Душанбе - Варзоб гузаронда шудааст.
КҲФ афзуд, ҳамчунин дар ҷойҳои лағзиши тарма барои таъмини амнияти аҳолӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS постгоҳҳо ташкил гардидаанд.
Садама дар роҳи Душанбе - Чаноқ боиси танбашавии мошинҳо шудааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
КҲФ ҳашт масири хатарнок барои ҳаракат дар Тоҷикистонро ном бурд
"Ҳамоно дар роҳҳои Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст", - ҳушдор дод ин ниҳод.
КҲФ инчунин барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва меҳмонони кишвар рақамҳои телефонеро пешниҳод кардааст, ки дар сурати рух додани ҳолатҳои фавқулодда метавонанд, тариқи он занг зананд:
– навбатдори масъули кумита -112, 221-91-19, 223-13-11;
– навбатдори масъул дар шаҳри Душанбе – 225-44-62, 225-44-76;
– навбатдори масъул дар ВМКБ – рамз 3522 тел: 24057, 22744;
– навбатдори масъул дар вилояти Суғд - рамз 3422 тел: 51555, 57995;
– навбатдори масъул дар вилояти Хатлон – рамз 3222 тел: 23505, 27827;
– навбатдори масъул дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб – рамз 3322 тел: 21656, 21657;
– навбатдори масъул дар минтақаҳои ноҳияҳои Рашт – рамз 3131 тел: 22374;
– навбатдори масъул дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисор – рамз 3139 тел: 26074.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандони Тоҷикистону меҳмонони кишвар даъват намудааст, ки давоми ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат ба минтақаҳои кӯҳиву ноҳияҳои наздикӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0