Ваъдаи Рустами Эмомалӣ барои ташкили 250 ҳазор ҷои кор дар пойтахт

© Мэрия города ДушанбеРустам Эмомали
Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе ваъда додааст, ки дар панҷ соли оянда 250 ҳазор ҷои нави корӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти шаҳр дар соли 2021 гуфт, нақша дорем, ки дар панҷ соли оянда шумораи ҷойҳои нави кориро ба 250 ҳазор расонем.
Вай таъкид кард, ки то соли 2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми кишвар вусъат дода мешаванд.
Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони раиси шаҳр дастур дод, ки якҷо бо сохторҳои дахлдор дар муддати ду моҳ барномаи рӯхдодҳои 35-солагии истиқлоли давлатиро бо баррасии ҳамаҷонибаи захираву имконияти мавҷуда, ҷалби соҳибкорон ва шахсони ташаббускору эҳсонкор таҳия карда, барои тасдиқ ва иҷро пешниҳод намоянд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ ба Данғара рафтанд: чаро?
Рустами Эмомалӣ изҳор кард, ки сокинони пойтахт барои амалӣ намудани сиёсати раисҷумҳур ба хотири рушди устувор ва ба шаҳри муосиру пешрафта табдил додани Душанбе кор хоҳанд кард.
Ҳамзамон раиси шаҳр зикр кард, ки дар доираи ҷамъбасти ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар пойтах 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 50 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 162 километр роҳ, 19 бинои маъмурӣ, 225 бинои баландошёна бо 161 маркази хизматрасонӣ, 62 майдончаи варзишӣ, 9 гулгашт, таъмири 2 321 бинои истиқоматӣ, 116 хобгоҳ ва таъсиси беш аз 15 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсису бунёд карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0