Амрико чархболҳои Афғонистонро ба Украина медиҳад

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксВертолет Ми-8, архивное фото
Вертолет Ми-8, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Як нашрияи амрикоӣ навиштааст, ки қарор аст, панҷ чархболи Mi-17V5 ва як чархболи Mi-8MTV ба тарафи Украина мунтақил шавад. Аввалин чархболҳо дар фасли баҳор ба ин кишвар ирсол мешаванд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Украина метавонанд баҳори соли равон дар чаҳорчӯби кумакҳои низомии Амрико соҳиби чархболҳои нав гарданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон дар истинод ба нашрияи "Blogu Defence".
Иёлоти Муттаҳида қасд дорад, чархболҳои Ми-17В5 ва Ми-8-ро, ки бояд ба нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дода мешуданд, ба Украина диҳад.
Нашрия таъкид мекунад, панҷ чархболи Ми-17В5 ва як чархболи Ми-8 бояд ба Украина интиқол дода шаванд, ки қисми аввал дар фасли баҳор интиқол хоҳанд ёфт.
Дар идомаи навиштаи ин нашрия омадааст, ки наздик ба 20 чархболи нерӯҳои ҳавоии афғонистонии аз хонаводаи Ми-8/Ми-17 хориҷ аз ин теъдоди ишорашуда дар болост, ки то кунун дар хусуси вазъияти ин чархболҳо чизе гуфта нашудааст.
Граница, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Чиҳил урдӯгоҳ ва шаш ҳазор ҷангҷӯ: дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чӣ иттифоқе меуфтад?
Дар моҳи декабри соли 2021 маҷаллаи "Flight Global" рӯйхатеро нашр кард, ки дар рутбабандии ҷаҳонӣ чархболҳои низомии Русия, аз хонаводаи Ми-8/Ми-17 дар ҷойгоҳи дувум қарор доштаанд.
Шабакаи CNN дар моҳи ноябр хабар дод, ки ҳукумати Ҷо Байден масъалаи интиқоли чархболҳои афғонистонӣ ба Украинаро баррасӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0