Кӣ гузашту кӣ монд: футболбозони тоҷикро соли 2022 чӣ интиқолҳо интизоранд

© PixabayЖенский футбол, архивное фото
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон ва соири кишварҳои ИДМ, Осиё низ даврае фаро расидааст, ки дастаҳо дар бозори трансферӣ фаъол шаванд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сарнавишти бисёре аз бозигарони тоҷик, ки дар гузашта дар тимҳои дигар бозӣ кардаанд, дар оғози соли 2022 номаълум боқӣ монд.
Мумкин аст, ки бозори трансферӣ дар мавсими имсола интиқолҳои ҷолиби зиёде дошта бошад, аз ҷумла он ки бархе аз варзишгарон аз Тоҷикистон аллакай дар Ватан метавонанд “ба вазифаи худ баргарданд”.
Sputnik Тоҷикистон феҳристи футболбозони ватаниеро, ки ҳоло дар бошгоҳҳои байналмилалӣ кор мекунанд ва онҳое, ки қарордодашон имсол ба поён мерасад, тартиб дод.

Чун рӯз рӯшан...

Инак, Даврон Эргашев, яке аз беҳтарин бозигарони тими миллӣ муддати тӯлонӣ дар хориҷ аз кишвар бозӣ мекунад. Дар мавсими гузашта ӯ дар ҳайати “Бунёдкор”-и Ӯзбекистон баромад кард. Шартномаи ӯ имсол ба охир расид. Ҳоло маълум аст, ки “Бунёдкор” мехоҳад, ин бозигарро дар ҳайати худ нигоҳ дорад ва бо ӯ барои як мавсими дигар шартнома баст.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2021
Сабукӣ барои ҷалби бозигарону мураббиён аз хориҷ ва рушди футбол дар Тоҷикистон
Сиёвуш Асроров бошад, боз дар чемпионати Бангладеш бозӣ мекунад. Соли ҷорӣ ин футболбоз ба тими "Рахматгодҷ" гузашт. Ёдовар мешавем, ки ин ҳимоятгар аллакай дар чемпионати маҳаллӣ бозӣ кардааст, аммо дар ҳайати дастаи Шайх Рассел.
Зимнан аз тими "Рахматгодҷ" бозигари дигар Хуршед Бекназаров ба Тоҷикистон баргашт. Ҳоло дар мавсими нав дар бошгоҳи футболи "Истаравшан" бозӣ мекунад.

Дар номаълумӣ

Сарнавишти бархе аз бозигарони тими миллии Тоҷикистон то ҳол маълум нест. Ҳамин тариқ Ҷаҳонгир Эргашев, ки мавсими гузашта дар дастаи "Эсхата" бозӣ карда буд, ҳоло озод аст ва метавонад дастаеро, ки ба ӯ мувофиқ бошад, интихоб кунад.
Маълум аст, ки ба футболбоз аллакай "Хуҷанд" ва ҳатто "Динамо Брест"-и Белорусия таваҷҷуҳ доранд. Интихоб бошад, ба варзишгар вобаста аст.
Ба назар мерасад, ду ҳимоятгари ҷавони тоҷик Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов, ки ба наздикӣ ба “Персеполис”-и эронӣ гузаштанд, дар интихоб иштибоҳ кардаанд.
Стороны согласовали трансфер двух защитников многократного чемпиона Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
"Персеполис" сабаби то ҳол ба майдон набаромадани футболбозони тоҷикашро гуфт
То кунун ҳеҷ кадоме аз онҳо дар ин бошгоҳ аввалин бозии худро анҷом надодаанд ва худи тими Эрон ҳам чанд моҳ боз бо пардохти қарзи мураббии собиқ ё мамнуияти сабти номи бозигарон бо мушкилот рӯ ба рӯ шудааст.
Ҳоло Федератсияи футболи маҳаллӣ ба тим иҷозат намедиҳад, ки навовардаҳоро ба майдон барорад. Вазъият то ҳол ҳалли худро наёфтааст ва маълум нест, ки минбаъд чӣ мешавад.
Ҳамлагарон Шериддин Бобоев ва Муҳаммадҷон Раҳимов ва ҳимоятгар Табрези Давлатмир дар мавсими имсола бе шартнома монданд.
Охирин бошгоҳи Давлатмир дастаи "Нарва-Транс"-и Эстония буд, Раҳимов дар "Ордабасы"-и Қазоқистон ва Бобоев дар "Пенанг"-и Малайзия бозӣ мекарданд, ки шартномаҳояшон ба поён расиданд.
Дар баробари ин Раҳимов шонси дар даста монданро дорад, имкони дар Қазоқистон мондани ӯ ҳаст. Бозингарони боқимонда дар ҷустуҷӯи тимҳои наванд.
Футбольный клуб Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2022
Ҳарифони "Хуҷанд" ва КМВА дар мусобиқаи КФО маълум шуданд
Дар мавриди дигар интиқолҳо дар чемпионати Тоҷикистон беҳтарин дарвозабони соли 2021, ки дар ССКА Душанбе бозӣ мекард, аз бошгоҳ рафт ва ба "Абдиш-Ата"-и Қирғизистон пайваст.
Фирдавс Чақалов аз "Турон"-и Ӯзбекистон ба "Хуҷанд" гузашт ва дарвозабони сербӣ бо шиносномаи тоҷикӣ Никола Стошич ба сафи тими ӯзбекии "Бухоро" пайваст.
Илова бар ин тими "Истиқлол" тасмим гирифт, ки якбора аз ду легионер ҷудо шавад.
Соли 2022 шартномаи ҳимоятгари украинӣ Андрей Мишенко ва варзишгари булғорӣ Петар Патев ба охир расид. Ҳар ду аллакай ин дастаро тарк кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0