Ҳабиб дар кишварҳои Осиёи Марказӣ "фастфуд" боз мекунад: Тоҷикистон дар ин рӯйхат нест

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксХабиб Нурмагомедов посетил турнир EFC 36
Хабиб Нурмагомедов посетил турнир EFC 36 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Размикор ният дорад, дар гӯшаҳои гуногуни дунё, 999 нуқтаи фурӯши хӯроки тезтайёр кушояд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Қаҳрамони собиқи UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ки феълан ба фаъолияти варзишияш нуқта гузоштааст, ба соҳибкорӣ рӯ овардааст.
Варзишкор ба ифтитоҳи нуқтаҳои фурӯши хӯроки тезтайёр шурӯъ кард. Номи шабакаи "фастфуд"-и ӯ "M-eat by Khabib" буда, нахустин нуқта дар шаҳри Маскав аллакай шуруъ ба кор намудааст.
Варзишгар ният дорад, ки дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ, 999 нуқтаи "фастфуд" боз кунад.
Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Расонаҳо: Ҳабиб Нурмуҳаммадов гирифтори коронавирус шуд
Дар рӯйхате, ки аз ҳоло маълум аст, номи кишварҳое чун Қирғизистону Қазоқистон ва Ӯзбекистон зикр шудааст, аммо Тоҷикистон берун аз рӯйхат мондааст.
Сомонаи "Бизнес оnline" менависад, Нурмуҳаммадов дар Ховари Миёна, аз ҷумла Туркия ва ИМА низ шабакаи "фастфуд"-и худро боз мекунад.
Гуфта мешавад, Нурмуҳаммадов зиёда аз ҳашт моҳ дар ташкили шабакаи тарабхонаҳо кор кардааст.
Собиқ размикор аллакай дар ин сегмент таҷриба дорад. Ӯ қаблан дар шаҳри Маскав тарабхонаи "Папаха" ва ҳамзамон дар Доғистон қаҳвахона ифтитоҳ карда буд.
Ёдовар мешавем, Ҳабиб Нурмуҳаммадов бидуни бохт фаъолияти варзишияшро дар UFC хотима дод. Дар зимни даст кашидан аз ин фаъолияти варзишӣ ӯ тасмимашро ба хоҳиши модараш рабт дод, ки гуфта мешавад, размикор ба модараш қавл додааст, дигар вориди октагон намешавад.
Лентаи хабарҳо
0