Коршинос: Ҳаводиси Қазоқистон ҳамаи кишварҳои шӯравии собиқро таҳдид мекунад

© REUTERS / MARIYA GORDEYEVAПротесты в Казахстане
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Пас аз ҳаводиси январӣ, ки дар Қазоқистон рух доданд, раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд механизмҳои мутобиқшавӣ ба воқеиятҳои навро ҷустуҷӯ кунанд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. "Январи қазоқӣ" метавонад дар кишварҳои шӯравии собиқ сар занад, зеро режимҳои пасошӯравӣ аллакай бесамарӣ, ноустуворӣ ва осебпазирии худро нишон медиҳанд.
Ин нуктаро Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия дар мусоҳиба бо "Украина.ру" изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти феълии ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ бояд ба ҷустуҷӯи механизмҳои мутобиқшавӣ ба воқеиятҳои нав шуруъ кунанд.

"Мо рӯйдодҳои Қирғизистонро дидем, эътирозҳои даврӣ дар Тоҷикистонро ҳам, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар қатори навбатӣ қарор мегиранд. Бо мурури замон ин як тамоюли умумӣ хоҳад буд, ки тамоми фазои пасошӯравиро фаро мегирад", - афзуд ӯ.

Серенко ҳушдор медиҳад, ҳамон тамоюлҳое, ки дар Қазоқистон аст, метавонанд дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кор кунанд, вақте "насли комилан нави одамон ба саҳна мебарояд" ва барои мақомот шартҳои нав мегузорад. Ҷавонон дар эътирозҳои Қазоқистон фаъол буданд. Дар он ҷо на занон буданду на пиронсолон.
Онҳо афроди аз 18 то 45-солае буданд, ки баъд аз пошхӯрии ИҶШС ба воя расидаанд ё дар кӯдакию наврасии онҳо Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд.
Коршинос қайд мекунад, ки ин хос барои тамоми фазои пасошӯравӣ аст, вақте ки элитаҳо иваз мешаванд, хоҳиши тарзи нави зиндагӣ пайдо мешавад.
АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Қазоқистон содироти маводи сӯхтро манъ мекунад: ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
"Дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон шумораи бештари мардум ба фарқ аз Қазоқистон берун аз ватани худ кор мекунанд. Дар Тоҷикистон то 80 дарсади ММД аз ҳисоби интиқоли муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия таъмин мешавад", - қайд мекунад Серенко.
Гуфта мешавад, имкони партофтани "захираҳои изофии корӣ ба Русия" омили муҳими муътадилгардонии ин низомҳои корӣ аст, аммо ин наметавонад то абад идома ёбад. Зеро "хастагӣ аз мансабдорони дузд" ҳам дар баробари диндории афзояндаи ҷавонон ҷамъ мешавад.

"Ҷавонони мусалмонон дар Қазоқистону Қирғизистон ва дар Тоҷикистону Ӯзбекистон нуфузи бештар хоҳанд дошт. Ва исломи сиёсӣ низ ба рафтори ҷавонон таъсир хоҳад кард", - гуфт ин сиёсатшинос.

Раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия таъкид кард, толибон дар Афғонистон низ субот дар минтақаро халалдор мекунанд. Вазъият дар Осиёи Марказӣ "мураккабтар, печидатар ва сустназоратшаванда" мешавад, ки ин маънии боло рафтани сатҳи бесуботиро дорад.
Дар ин ҷо манфиатҳои ғаразноки гурӯҳҳои гуногун, аз ҷиҳодчиён cap карда, то хадамотҳои махсуси мамлакатҳои минтақа нуҳуфтаанд ва тамоюли умумии ташвишовар бештар мешавад.
Лентаи хабарҳо
0