Медведев: Русия бояд барои пазириши теъдоди зиёди муҳоҷирон омода бошад

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкПредседатель "Единой России", заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев
Председатель Единой России, заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Нахуствазири собиқ ва раисҷумҳури пешини Русия эълон кардааст, ки ҳукумати кишвараш бояд барои пазириши теъдоди зиёди муҳоҷирон омода бошад
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт, Русия ба зудӣ вуруди муҳоҷирони зиёдеро мушоҳида хоҳад кард.

"Омадани муҳоҷирон ба Русия зиёд хоҳад шуд, аз ин рӯ мо ба низоми ягонаи муосири ҷамъоварӣ ва сабти маълумот дар бораи онҳо ниёз дорем", - гуфт ӯ.

Медведев ҳамчунин қайд кард, ки ҳоло суолҳои ҷиддие дар бораи шеваи сабти номи муҳоҷирон ва назорати давлатӣ аз болои онҳо матраҳанд.
Ёдрас менамоем, ахиран Вазорати умури дохилии Русия эълон кард, миёни муҳоҷироне, ки ба Русия барои кор меоянд, бештар шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қиризистон мебошанд.
Центр содействия мигрантам в Волгограде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Патент ду баробар бештар дода шуд: шарҳи вазъи муҳоҷират дар Русия
Ба гуфтаи сардори Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Валентина Казакова, беш аз 82 дарсади муҳоҷирони кории хориҷӣ дар Русияро шаҳрвандони ин се кишвар ташкил медиҳанд.
Казакова зикр намуд, ки ҳамаи ин муҳоҷирон дар асоси қонун дар Русия фаъолият мекунанд. Ба таъкиди намояндаи ВКД, кишварҳои ИДМ дар асоси равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва таърихӣ ба таври анъанавӣ ҳамчун “давлатҳои донори қувваи кории хориҷӣ барои Русия” маҳсуб мешаванд.
Хонум Казакова гуфт, Вазорати корҳои дохилӣ дар чаҳорчӯби беҳбуди низоми назорат бар хориҷиён дар Русия имкони ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз ин кишварро барои содир кардани ҳуқуқвайронкунии дағалонаи маъмурӣ баррасӣ мекунад.
Илова бар ин Вазорати корҳои дохилӣ дар чаҳорчӯби ислоҳоти ҳамаҷонибаи қонунгузории муҳоҷират тасмим гирифтааст, ки санади ягонаи дорои фазои электронии нигаҳдории шаҳрвандони хориҷиро таҳия кунад. Ин имкон медиҳад, ки муҳоҷирони қонуншикан зуд муайян шаванд.
Лентаи хабарҳо
0