Суханронии видеоии Назарбоев дар бораи ҳаводиси январӣ, макони иқомату ихтилофаш бо Тоқаев

Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти собиқи Қазоқистон ҳаводиси январӣ, сарусадоҳо атрофи макони будубошаш ва рақобатҳои миёни элитаи сиёсии ин кишварро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Нурсултон Назарбоев, президенти собиқи Қазоқистон, ки дар пайи ҳаводиси январӣ нопадид шуд ва ин ҳолат сарусадоҳои зиёдеро ба миён овард, тайи як суханронии видеоӣ аз худ дарак дод.
Ӯ ҳаводиси январиро талоши барҳам задани якпорчагии ин кишвар ва пояҳои давлати Қазоқистон унвон кардааст.
Ин рӯйдодҳо бори дигар нишон медиҳанд, истиқлолро ҳамчун гавҳараки чашм, мисли зарфи нозук, ки муносибати махсусан эҳтиёткоронаро талаб мекунад, қадр кардан лозим аст, гуфтааст Елбасӣ.

"Фоҷиаи рухдода барои ҳамаи мо дарси ибрат буд. Муайян кардан лозим аст, ки ин ҳама барномаҳо ва кушторҳоро кӣ ташкил кардааст. Ба ин савол тафтишот ҷавоб хоҳад дод",- гуфт Назарбоев.

Мавсуф ҳамзамон гуфтааст, ки соли 2019 ваколатҳои президентиро ба Қосим-Ҷомарт Тоқаев супурд ва аз он вақт нафақахӯр буда, ҳоло дар дар пойтахти Қазокистон аст ва ба ҳеҷ кишвари дигаре нарафтааст.
Ӯ ба назарҳое атрофи бархӯрдҳои элитаи сиёсии Қазоқистон низ посух додааст.
"Президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев қудрати комил дорад. Вай раиси Шӯрои амният мебошад. Ба зудӣ раисҷумҳур раиси Ҳизби “Нур-Отан” интихоб мешавад. Аз ин рӯ дар миёни элита низоъ ё бархӯрд вуҷуд надорад. Овозаҳо дар ин мавзуъ комилан беасосанд", - афзуд Назарбоев.
Ӯ аз 30 соли раҳбарияш ёдовар шуда гуфтааст, ки дар ин муддат ҳамроҳи мардумаш Қазоқистонро на танҳо дар сатҳи Осиёи Марказӣ, балки дар ИДМ пешсаф кард.
"Қазоқистон ба як давлати шинохта ва бонуфуз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин натиҷаи якдилӣ ва ягонагии тамоми Қазоқистон аст. Субот ва оромии кишвар ҳамеша ҳадафи ман буд. Ҳамаи мо бояд ин арзишҳои пойдорро қадр кунем. Мо ҳатман аз буҳрон баромада, боз ҳам мустаҳкамтар мешавем", - гуфтааст Назарбоев.
Вай аз ислоҳоти Тоқаев ёдовар шуда гуфтааст, ки ӯ ҳадафи боло бурдани мизони рифоҳи мардумро дорад.
Лентаи хабарҳо
0