Нархи нафти "Brent" бори аввал дар ҳафт соли охир ба 87 доллар расид

Нефть - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нархи нафти "Brent" барои аввалин бор аз моҳи октябри соли 2014 ба беш аз 87 доллар расид
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Нархи нафти навъи "Brent" барои аввалин бор аз моҳи октябри соли 2014 аз 87 доллар барои як бушка гузашт. Аз чунин нархгузорӣ таблуҳои савдо дарак медиҳанд.
То соати 08:07 ба вақти Маскав (10:07 ба вақти Душанбе) як бушкаи омехтаи Баҳри шимолӣ 87,28 доллар - 0,93% афзоиш ёфта, WTI 84,34, то 1,25% гарон шуд.
ОПЕК+ аз моҳи майи соли гузашта ба далели коҳиши талабот ба нафт бар асари ҳамагирии коронавирус тавлиди рӯзонаро 9,7 миллион бушка коҳиш дод.
Добыча нефти из нефтяной скважины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2021
Омили тарс: “Omicron” нафтро суқут дод ва ба самти рубл рафт
Баробари муътадил шудани вазъият шартҳои шартнома ислоҳ шуданд.
Аз моҳи августи соли 2021 иттиҳод ҳар моҳ истихроҷро 400 ҳазор баррел дар як рӯз афзоиш дода, умедвор аст, ки то охири моҳи сентябри соли 2022 ба сатҳи пешина бармегардад.
Интизор меравад, рӯзи панҷшанбе омор дар бораи захираҳои ҳафтаии нафт дар ИМА нашр шавад.
Бозори гарони нафт: Русия чӣ қадар фоида ба даст меорад
То 7 январ захираҳои тиҷоратӣ дар кишвар ба сатҳи пасттарин аз моҳи октябри соли 2018 расиданд.
Лентаи хабарҳо
0