Нахустин машқҳои низомӣ дар соли 2022 аз Тоҷикистон оғоз мешаванд

© Пресс-служба ЦВОМарш-бросок военнослужащих 201-й РВБ на границу Таджикистана и Афганистана
Марш-бросок военнослужащих 201-й РВБ на границу Таджикистана и Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Низомиён барои машқ кардани амалиёти ҷангӣ бар зидди душмани сохта ба тамрингоҳҳои Лоҳур ва Самбулӣ рафтанд.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар тамрингоҳи кӯҳии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон машқҳое бо ширкати ҳазор сарбоз оғоз шуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳафзаи марказии ҳарбӣ гузориш медиҳад.
Хизматчиёни ҳарбӣ бо роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба тамрингоҳҳои Лоҳур ва Самбулӣ барои машқи мудофиа ва ҳуҷум бо истифода аз системаҳои иктишофии зарбазан ва оташфишонӣ рафтаанд.
Илова бар ин сарбозон аз ҳама навъҳои яроқи тирандозу норинҷакандоз, инчунин аз мошинҳо тайи ин тамрин бар зидди душмани шартӣ истифода мекунанд.
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Русия соли оянда 10 тамрини хориҷӣ доир мекунад: Тоҷикистон чӣ кор хоҳад кард?
Барои то ҳадди имкон фароҳам овардани муҳити ҷангӣ ҳадафҳои статикӣ ва динамикии навъҳои гуногун дар майдонҳои тамринӣ истифода мешаванд, илова кардаанд дар Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Гуфта мешавад, мақсади асосии баргузории чорабиниҳо санҷиши омодагии қисмҳои пиёданизом дар робита ба иҷрои вазифаҳои омодагии ҷангӣ аст.
Ёдовар мешавем, соли 2021 Русия дар Тоҷикистон теъдоди рекордии машқҳоро баргузор кард.
Хизматчиёни ҳарбӣ дар зиёда аз 300 машғулият иштирок намуданд. Чунин тадбирҳо ба вазъи ноором дар Афғонистони ҳамсоя, ки дар миёнаҳои моҳи август толибон қудратро дар он ҷо ба даст оварданд, иртибот доранд.
Учения сил ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Русия соли 2021 дар Тоҷикистон ба таври рекордӣ тамринҳои низомӣ барпо кард
Федератсияи Русия дар соли 2022 нақша дорад, на танҳо бо Тоҷикистон, балки бо Қирғизистон, Покистон, Миср, Ҳиндустон, Лаос, Шри-Ланка, Алҷазоир ва Муғулистон низ размоишҳои муштарак баргузор кунад.
Пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон воқеъ буда, бузургтарин пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар берун аз марзи он аст.
Лентаи хабарҳо
0