Навраси тоҷик вориди рекордҳои "Гиннес" шуд: ӯ ҳамагӣ 11 сол дорад - видео

© Youtube / Скриншот из видео Мальчик из Таджикистана поставил мировой рекорд
 Мальчик из Таджикистана поставил мировой рекорд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Номи Эмомҳусайн Умаров борҳо дар сархати хабарҳо қарор гирифта. Ӯ бо анҷом додани болофишории бидуни танаффус ном бароварда буд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Эмомҳусайн Умаров, навраси тоҷике, ки ҳамагӣ 11 сол дорад, вориди рекордҳои "Гиннес" шуд.
Номи ин наврас борҳо ҳам дар сархати хабарҳо қарор гирифта буд ва падараш орзу мекард, ки ҳунари фарзанди ӯ қадр шаваду вайро вориди рекордҳои "Гинес" кунанд.
Ҳамакнун ин орзуи падар амалӣ шуд ва Умарови 11-сола бо анҷом додани 5 200 болофишории будани танаффус ҳуҷҷати тасдиқкунанда гирифт, ки вориди рекордҳои "Гиннес" будани ӯро собит мекунад.
Дар мавриди ворид шудани Умаров ба ин китоб Ризвон Ошурмамадов бо нашри як видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Умаров рекордашро дар клуби варзишие, ки Ошурмамадов он ҷо муррабӣ аст, гузоштааст.
Ба таъкиди ин мураббӣ, ин навраси тоҷик дар давоми чор соат 5 200 болофишорӣ (отжимание)-ро бидуни танаффус анҷом дод.
Ёдовар мешавем, дастоварди ин наврасро қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ қадр карда буд.
Ҳадяи Рамазон Раҳимзода ба Эмомҳусайни 7-сола
Генерал-полковники милиса Рамазон Раҳимзода соли 2017 дар дидор бо ин варзишгари наврас ҳунари ӯро хуб арзёбӣ карда ва барои дастовардҳояш ба вай соати дастӣ ва дигар ҳадяҳои ёдмон туҳфа карда буд.
Вай ҳарчанд хурдсол аст, аммо дар боло кардани тан бо зӯри бозу ҳамто надошта, дар як замон то 11 ҳазор бор ин варзишро иҷро мекунад. Ҳамчунин Эмомҳусайн Умаров дар иҷрои ҳаракоти гуногуни акрабатикӣ низ маҳорати боло дорад.
Лентаи хабарҳо
0