Фаврӣ: роҳи Душанбе - Хуҷанд боз шуд

© пресс-служба КЧС РТПроезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото
Проезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд пас аз маҳдудияти беш аз дурӯза боз шудааст
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ширкати IRS, ки ба пулҷамъкунӣ ва нигоҳдории роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз боз шудани ин масир гузориш дод.
Ба иттилои ин ширкат, тармаҳои сершумор, ки аз субҳи 17-уми январ дар роҳи Душанбе - Чанок фаромада буданд, аз ин ҷода рӯфта шуданд.
Гуфта мешавад, ҳоло танҳо ҳаракат аз самти Хуҷанд ба Душанбе оғоз гардидааст.
"Кормандони филиали ширкат талош доранд, то дар наздиктарин фурсат гузариши нақлиёт аз ҳар ду ҷониб имконпазир гардад",- афзуд манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, барои роҳандозии ҳаркат кормандон кулли шаб низ барфи роҳро тоза карданд.
Жители Кабула толкают машину, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2022
Эҳтиёт бошед: ҳушдори якбора бад шудани обуҳаво дар Тоҷикистон
Ҳаракат дар ин масир барои тамоми намуди воситаҳои нақлиёт беш ду рӯзи охир масдуд буд. Ширкати роҳбон ин ҳолатро ба номусоидии бодуҳаво рабт дода, таъкид намуд, ки дар роҳ тармаҳои зиёд фуруд омадаанд.
"Ҳамоно дар роҳҳои Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст", - ҳушдор дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар.
Лентаи хабарҳо
0