Роҳи Кӯлоб таъмир мешавад

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСтроительство автомобильной дороги
Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.01.2022
Обуна шудан
Бо таъмир шудани роҳ ҳаракати васоили нақлия ба танзим даромада, ҳамзамон ҳолатҳои тамбашавии нақлиёт бартараф мешавад
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Роҳи Кӯлоб таъмир мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати ин шаҳр. Ба иттилои манбаъ, таъмири роҳ аз кӯчаи Худоёр Назаров то назди пули сойи Тебалай, дар кӯчаи Чармгарони Поён аллакай оғоз ёфтааст.
Гуфта мешавад, бо таъмир шудани роҳи мазкур ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, назди бозори "Саховат", марказҳои савдои ин шаҳр ба танзим медарояд ва ҳамчунин тамбашавии нақлиёт кам сурат мегирад.

"Паҳнои роҳ ҳафт метрро дар бар гирифта, дар ду шафати он бунёди роҳҳои пиёдагард, шабакаҳои равшаннамоӣ, хатҳои обгузар ва дигар воситаҳои хидматрасонӣ пешбинӣ гардидааст", - омадааст дар хабари манбаъ.

Зикр гардид, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба масъулин супориш додааст, ки дар муҳлати муайяншуда таъмири роҳро босифат ба анҷом расонанд.
Компания Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД укладывают асфальт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Масрафи беш аз 20 миллион сомонӣ аз сӯйи соҳибкорони Бохтар барои таъмири роҳ
Манбаъ меафзояд, дар оянда барои боз ҳам беҳтар гардидани ҳаракати нақлиёт аз болои сойи Тебалай пули мошингард бунёд гардида, роҳи паҳлӯи сой, аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Даминзода таъмир ва самтҳои ҳаракати нақлиёт муайян мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0